Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар шаҳри Вашингтони Амрико бо иштироки ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон бо номи “Овози Тоҷикистон: танине аз дил” шоми мусиқӣ баргузор мешавад. Консерт соати 18:30 дар толори консертии “Lisner Auditorium”-и Вашингтон доир шуда, дар он Исмоил Назриев, Соҳиб Назриев, Таҳмина Ниёзова, Фотима Машрабова, Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Лоиқ Холов, Фаррух Ҳасанов, Чоршанбе Аловатов, Фирдавс Ҳошимов ва дигар ҳунармандони тоҷик ҳунарнамоӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вуруд ба шоми мусиқӣ ройгон аст, аммо пешакӣ тавассути пойгоҳи "Eventbrite” бояд сабтином кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад.

Маҳз 7-уми ноябри соли 1929 дар пойтахти Тоҷикистон аввалин театри касбии тоҷик, ки имрӯз  Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ном дорад, таъсис ёфт. Бинои ин театр дар “Хонаи деҳқонон” (бинои театри русии ба номи В. Маяковский, ки ду сол пеш чаппа карда шуд) воқеъ буд ва аввалин намоишномаи фарогири он “Ду коммунист” ном дошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъдтар, маҳз дар ин рӯз, 7-уми ноябри соли 1937 Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Нахустин мавсимро театр бо намоишномаи “Замин”-и Н.Вирти оғоз кардааст.

Соли 1929 – Дар пойтахти Тоҷикистон комбинати полиграфии Душанбе ба истифода дода шуд.

Соли 1959 – Студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд

Соли 2015 – Дар шаҳри Душанбе ашхоси номаълум ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳамла карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар  ҷон бохтанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1414 – Мавлуди Абдурраҳмони Ҷомӣ, олим, мутафаккир, шоир ва нависандаи барҷастаи халқи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдурраҳмони Ҷомӣ

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва ирфони ҷаҳони ислом аст, ки осори ӯ то имрӯз дар арсаи фарҳанги башарӣ арзиши баланд дорад. Ӯ соли 1414 дар деҳаи Ҷом (наздикии Ҳирот) таваллуд ёфта, соли 1492 дар Ҳирот аз олам даргузаштааст.

Абдураҳмони Ҷомӣ таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифт ва баъдан дар Самарқанд таҳсилро идома дод. Ӯ дар илмҳои динӣ, мантиқ, фалсафа, адабиёт, мусиқӣ ва тасаввуф дониши амиқ дошт. Дар ҷавонӣ ба тариқати Нақшбандия гаравид ва умри худро ба хидмати илму маърифат, ахлоқ ва инсонгароӣ бахшид.

Мероси адабии Ҷомӣ ниҳоят ғанӣ буда, беш аз панҷоҳ асари назмиву насриро фаро мегирад. “Ҳафт авранг”, “Баҳористон”, “Нафаҳот-ул-унс”, “Муншаот” ва силсилаи ғазалҳою қасидаҳои пурмазмунаш аз ин қабиланд.

Ахиран Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳамкори филми муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро сабт намуданд, ки аз муносибату ошноии Ҷомӣ ва шогирдаш Навоӣ қисса мекунад.

Соли  1886 – Мавлуди Маликушшуаро Баҳор, шоир, адиб ва сиёсатмадори эронӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маликушшуаро Баҳор

Маликушшуаро Баҳор адиб, рӯзноманигор, муҳаққиқ, таърихнигор ва сиёсатмадори барҷастаи Эрон буд, ки дар таърихи адабиёти муосири форсӣ ҷойгоҳи вижа ва мондагор дорад. Ӯ аз ҷавонӣ ба корҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ оварда, соли 1906 ба ҳаракати миллиён дар Хуросон ҳамроҳ шуд. Вай дар солҳои ҷавонӣ рӯзномаи “Хуросон”-ро таъсис дода, шеърҳои бедоргаронаи сиёсӣ менавишт. Нахустин шеъри маъруфи ӯ бо номи “Кори Эрон бо Худост” соли 1909 нашр гардид, ки рамзи бедорӣ ва муборизаи мардумии Эрон дар он замон дониста мешавад.

Баҳор аз муассисони Ҳизби демократии Эрон (1910) буд ва рӯзномаи “Навбаҳор”-ро ҳамчун минбари ин ҳизб ба роҳ монд. Дар натиҷаи мавқеи сиёсӣ ва танқидҳояш нисбати сиёсати Русия ва давлатдорони дохилӣ, борҳо рӯзномааш баста ва худ ба табъид ё зиндон маҳкум гардид. Дар солҳои 1913-1925 чанд бор вакили Маҷлиси миллии Эрон интихоб шуда, дар муборизаҳои сиёсӣ фаъолона ширкат варзид.

Ӯ аз аввалин шоироне буд, ки шеърро аз маҳдудияти дарбор берун оварда, ба миёни мардум ва мушкилоти замона овард. Мавзӯъҳои асосии ашъори ӯ ватан, озодӣ ва адолат буданд. Сабки шеърии Баҳор бештар хуросонӣ аст. Вай қасидаҳои ҳамосаву иҷтимоиро бо рӯҳи нав ва мазмунҳои замонавӣ омехт ва бо ин сабаб дар таърихи назми муосир “шоири миллат ва озодӣ” унвон гирифт.

Дар солҳои охири умр Баҳор дар Донишгоҳи Теҳрон ҳамчун профессори забон ва адабиёти форсӣ фаъолият дошт, инчунин раиси Ҷамъияти эронии тарафдорони сулҳ ва муддате вазири фарҳанг буд. Ӯ зиёда аз 36 ҳазор байт шеър ба мерос гузоштааст.

Маликушшуаро Баҳор 21-уми апрели соли 1951 дар шаҳри Теҳрон аз ҷаҳон даргузашт.

Соли 1914 – Мавлуди Ҳодӣ Кенҷаев, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Соли 1917 – Мавлуди Воҳид Асрорӣ, адабиётшиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Воҳид Асрорӣ

Воҳид Асрорӣ фолклоршинос ва аз устодони журналистикаи тоҷик аст. Маҳз бо талошу пешниҳоду навиштаҳои тадриҷии ӯ ва ҳамақидаҳояш соли 1967 бахши омӯзиши тахассусии рӯзноманигорӣ таъсис ёфт.

Воҳид Асрорӣ то рӯзи фавт (соли 1996) дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати мудири кафедраи матбуот фаъолият дошт. Аммо ҳамзамон ӯ ба шогирдон аз фанни адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ дарс мегуфт.

Асрорӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Салом мактаб”, “Ҳардуяшон нағз”, “Шарораҳо” ва ғайра буда, барои мактабҳои миёна ва барои мактабҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудааст.

Муаллифи китобҳои дарсии “Забони тоҷикӣ” барои синфҳои 1, 2, “Забони тоҷикӣ” барои ҷаласаводон буда, асарҳои шоирону нависандагони халқҳои дигарро ба тоҷикӣ баргардонидааст.

Воҳид Асрорӣ 3-юми июни соли 1996 дар 78-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Аъло Аълоев, дойранавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1933 – Мавлуди Муслима Боқиева, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ.

Соли 1933 – Зодрӯзи Ҷаҳон Саидмуродов, ҳунарпешаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷаҳон Саидмуродов

Ҷаҳон Саидмуродов ҳунарпешаи шинохтаи синамои тоҷик буда, дар синни ҷавонӣ ба синамо ворид шуд ва нақшҳои барҷаста офарид. Яке аз нақшҳои мондагори ӯ дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” буда, нақши асосӣ – Саидро иҷро кардааст.

Ӯ инчунин дар чандин филмҳои дигар, чун “Шикорчӣ аз Минархар”, “Гаравгон”, “Достони Сиёвуш”,”Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Вақти зангирии писар расид” нақш офаридааст.

Ҷаҳон Саидмуродов 5-уми феврали соли 2004 дар 71-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1934 – Зодрӯзи Мӯсо Диноршоев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мӯсо Диноршоев

Мӯсо Диноршоев, доктори илмҳо фалсафа, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, ки солҳои зиёде мудирияти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт.

Ӯ бунёдгузори ин пажӯҳишгоҳ буд, ки аз соли 1990 то 2007 онро раҳбарӣ кард. Ҳамчунин ду давра ба унвони ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Дар даврони Шӯравӣ ҳамчун сардабири Энсиклопедияи шӯравии тоҷик низ кор карда буд.

Диноршоев яке аз донишмандони варзидаи риштаи фалсафа буд, ки дар бахшҳои таърихи фалсафа, ҳастишиносӣ (онтология), маърифатшиносӣ (гносеология), мантиқ , фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ осори арзишманде бар ҷой гузошт.

“Фалсафаи Насриддини Тӯсӣ”, “Ибни Сино ва ҷаҳонбинии фалсафии ӯ”, “Ибни Сино ва нақши ӯ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ”, “Натурфалсафаи Ибни Сино”, “Фалсафаи касратгароии  Абубакри Розӣ” бархе аз осори арзишманди ӯ дониста мешаванд.

Академик Диноршоев яке аз муаллифони китоби бисёрҷилдаи “Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ” мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба табъ расидааст.

Мӯсо Диноршоев 29-уми сентябри соли 2020 дар 85-солагӣ даргузашт.

Соли 1937 – Мавлуди Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпеша, коргардони театр ва синамои тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳабибулло Абдураззоқов яке аз чеҳраҳои барҷастаи театру синамои тоҷик аст. Ҳабибулло Абдураззоқов Ӯ дар оғоз ба Донишгоҳи кишоварзӣ дохил шуд, аммо онро ба охир нарасонид. Дертар ба Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Москва (1960 – 1964) дохил шуда, онро бо ихтисосҳои актёрӣ ва коргардонӣ хатм намудааст.

Солҳои 1960 – 2002 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаю мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абудқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва киностудияи “Тоҷикфилм” минҳайси ҳунарпеша, коргардон ва саркоргардон кор кардааст.

Дар саҳнаи театр ӯ дар ҳудуди 30 намоишнома нақш бозидааст, ки маъруфтаринашон нақши Любим Торсов ("Камбағалӣ айб нест"-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор ("Дохунда"-и Ҷалол Икромӣ, 1961), Меркутсио ("Ромео ва Ҷулиетта"-и Вилям Шекспир, 1963), Афросиёб ("Рустам ва Суҳроб"-и Ғанӣ Абдулло, 1966) ва Низомиддин ("Дилҳои сӯзон"-и Ҷ. Икромӣ, 1967) .

Ӯ яке аз ҳунарпешагони маъруфи синамои тоҷик аст, ки дар маъруфтарин филмҳо нақш бозидааст, назири нақши Баҳриддин ("Марги судхӯр", 1965), Ҳайдар ("Чор нафар аз Чорсанг", 1973), Мухторов ("Истгоҳи кӯҳӣ", 1974), Асаншоҳ ("Субҳи Ганг", 1975), Корвонбошӣ ("Дарвеши ланг", 1986), Ҳисоми тоҷик (силсилафилми эронии "Дар чашми бод", 2007) ва сардори роҳзанҳо (силсилафилми эронии "Шукрона", 2008) мебошад.

Ҳамчун коргардон Ҳабибулло Абдураззоқов намоишномаҳои "Кӯпрук"-и Фотеҳ Ниёзӣ, "Карим-девона"-и Турахон Аҳмадхонов, "Вақте ки шаҳр хуфта буд"-и А. Чхеидзе, "Дар чорсӯ"-и Нур Табаров ва ғайрара рӯи саҳна овардааст.

Ӯ асосгузори озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту" (1989) ва муассису аввалин роҳбари бадеии нахустин театри ғайридавлатии "Падида" (2002) буд. Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруф, писари ӯ мебошад, ки шуҳрати беандоза дорад.

Ҳабибулло Абдураззоқов  рӯзи 19-уми январ дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоби пойтахт дафн карда шуд. 

Охирин мусоҳибаи “Азия-Плюс”-ро бо Ҳабибулло Абдураззоқов пиромуни фаъолияти эҷодӣ ва солҳои охири зиндагии ӯ дар ин матлаб хонед: Ҳабибулло Абдураззоқов: Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!

Соли 1938 – Зодрӯзи Абдураҳмон Ҳусайнов, доктори илмҳои физика ва математика.

Соли 1940 – Мавлуди Усмон Назир (Оташ), шоир ва арбоби давлатӣ.

Соли 1951 – Мавлуди Абдурофеъ Рабизода, рӯзноманигор, нависанда ва филмноманависи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдурофеъ Рабизода

Абдурофеъ Рабизода, маъруф ба Шераки Ориён нависанда, рӯзноманигор, филмноманавис ва таҳиягари тоҷик буда, муаллифи наздик ба 70 китоб ва 40 филми ҳунарӣ мебошад, ки бисёре аз онҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон намоиш ёфта, ҷоизаҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд.

Аз маъруфтарин филмномаҳои ӯ метавон “Марди мутааллиқи ду зан”, “Дӯстонро намефурӯшанд”, “Чор фасли умр”, “Санги Сипар” ва “Афсонаи зиндагӣ”-ро ном бурд.

Соли 1955 – Зодрӯзи Рустам Салимов, адабиётшинос, доктори илмҳои филология.

Соли 1959 – Мавлуди Шамсиддин Солеҳов, адабиётшинос, доктори илми филология.

Соли 1973 – Зодрӯзи Малоҳат Абдуллоева, ҳунарпешаи тоҷик.

Соли 1965 – Мавлуди Файзи Ашӯр, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1983 – Зодрӯзи Дилноза Муродуллозода, ҳуқуқшинос, вакили феълии парлумони Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

7-уми ноябри соли 1917 Инқилоби Бузурги Сотсиалистии Октябр рух дод. Шаби 6 ба 7-уми ноябр болшевикон тавассути Кумитаи инқилоби низомии Шӯрои Петроград амалиёти мусаллаҳонаро оғоз карданд.

Онҳо як ба як муассисаҳои муҳимро ба даст гирифтанд ва бегоҳии 7-уми ноябр қароргоҳи ҳукумати муваққатӣ пурра тасарруф шуд ва аъзои ҳукумати муваққатӣ боздошт гардиданд. Ҳамин тавр, қудрат ба дасти болшевикон гузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Инқилоби Октябр оғози як давраи нав дар таърихи ҷаҳон гардид. Он боиси ба вуҷуд омадани давлати сотсиалистӣ шуд, ки баъдан ба номи Иттиҳоди Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравӣ (ИҶШС) маъруф гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 НОЯБРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 7+9º гарм.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...