“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад

Нодира Собирзод, Asia-Plus

Зуҳриддин Раҳмонов, омӯзгоре аз шаҳри Турсунзода, ки дар баробари таълими хонандагон дар деҳаи худ, барои омӯзиши толибилмони деҳаи ҳамсоя 5 километр роҳро пиёда тай мекунад. Ӯ 55 сола буда, тӯли 8 сол аст, ки дар мактаби №88 ин шаҳр ба ҳайси омӯзгори ҳамкор фаъолият мебарад. “Азия-Плюс” атрофи заҳматҳои ин омӯзгор дар ду мактаби деҳот гуфтугӯ кард.

 

Як соату 15 дақиқа бо шиму кастюм ва гарданбанд дар роҳи пур аз хок

Зуҳриддин Раҳмонов омӯзгори фанни забони англисӣ ва алифбои ниёгон мебошад. Ӯ аз хонаи худ ба мактаби №88, ки дар деҳаи дурдасти Кадучии шаҳри Турсунзода воқеъ аст, дар 1 соату 15 дақиқа мерасад.

Роҳе, ки муаллим ба муассисаи таълимӣ мерафт, то соле пеш пур аз хоку лой буд. Ин омӯзгор 7 сол новобаста аз дур ва пур аз чангу хок будани роҳ, ба мактаб бо либоси расмӣ ҳозир мешуд. Ҳоло ин роҳ мумфарш шудааст, ки ин то андозае мушкили рафтани омӯзгорро сабук кард.

“Омӯзгор ҳам аз ҷиҳати сурату симо ва ҳам тарзи эстетикӣ, бояд  намуна  бошад”,  – мегӯяд ӯ.

 

Камбуди омӯзгор дар деҳаи ҳамсоя

Аслан Зуҳриддин Раҳмонов дар мактаби №33-и зодгоҳаш – деҳаи Қипчоқ, ки 500 метр дур аз хонааш аст, кор мекунад. Ӯ аз хонааш то мактаб дар 10 дақиқа мерасад. Дар ҳар як синф аз 19 то 25 хонанда таҳсил мекунанд. Вале қаҳрамони мо ба хотири дур намондани кӯдакони деҳаи Кадучӣ аз омӯзиши забони англисӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад, то хонандагони мактаби №88 ин деҳа ҳам забони англисӣ хонанд. Дар ин мактаб дар ҳар як синф ҳамагӣ аз 6 то 14 нафар таҳсил мекунанд.

Барои иҷрои рисолати худ, ӯ на ба лағжидани пойҳояш дар роҳҳои яхбастаи фасли сармо ва на ба гармию чанги мавсими гармо таваҷҷуҳ мекунад.

“Касе маро маҷбур накардааст ба он деҳаи дурдаст рафта кор кунам ва боз  ҳам  ба  тариқи  “ҳамкор”. Мутаассифам,  ки дар деҳаи Кадучӣ омӯзгори фанни забони англисӣ нест. Албатта аз ҳисоби духтарон чанд шогирде омода кардам. Аммо ҳамаашон оиладор шуданд ва ҳоло дар дигар деҳаҳо истиқомат доранд”, – мегӯяд ин омӯзгор.

 

Корҳои саҳроӣ садди роҳи омӯзиш

Ба гуфтаи муаллим, одатан хонандагони мактаби №88 кӯшиш мекунанд, ки дар дарсҳо фаъол бошанд ва вазифаҳои хонагиро иҷро кунанд. Аммо баъзан шароити вазнини зиндагӣ низ боис мешавад, ки хонандаҳо аз дарсомӯзӣ дар канор монанд.

“Аслан  фаъолнокии  хонандагон  аз  худи  омӯзгор  вобастагии зиёд  дорад. Бинобар  он, ки зиндагии деҳот бештар  бо  корҳои  саҳроӣ вобаста аст, баъзе шогирдон дар мавсими кишту кор барои омодагӣ ба дарс вақт ҷудо карданашон мушкил мешавад”, – бо таассуф мегӯяд ӯ.

Ба андешаи Раҳмонов, барои зиёд кардани ҳаваси хонандагон, бояд дарсро шавқовар ва ба тариқи амалӣ гузаронд. Масалан, истифодаи  бозиҳои таълимӣ,  суратҳо,  филмҳо  ва мусиқӣ бо забони  хориҷӣ, инчунин баргузории мусобиқаҳо ва озмунҳои хурд  метавонад шавқу завқи онҳоро боло барад. Илова бар ин,  фаҳмонидани аҳамияти забонҳои хориҷӣ барои ояндаи онҳо,  масалан, таҳсил,  кор  ё  сафари хориҷӣ  низ  хеле  муҳим  аст.

Мактаби №88 соли 1924 таъсис ёфтааст. Ин муассиса дар соли 2004 бо девори гилӣ ва соли 2014 бо девори хиштӣ навсозӣ шудааст. Муассиса аз 8 синфхона иборат буда, ҳамагӣ 92 хонанда дорад.

 

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони норасоии омӯзгор

Қаҳрамони мо низ мисли бештари омӯзгорони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст, то оилаи худро таъмин кунад.

“Тӯли шаш сол дар Русия бо корҳои гуногун дар сохтмон машқул шудам. Сипас боз ба касби дӯстдоштаам, яъне омӯзгорӣ баргаштам. Ҳоло танҳо бо маоши омӯзгорӣ оилаамро таъмин мекунам. Бо тиҷорат ё кори саҳро машғул нестам”, – таъкид намуд Раҳмонов.

 

Оилаи омӯзгорон

Оилаи Раҳмоновҳо оилаи омӯзгорон аст. Модари ӯ солиёни зиёд ба ҳайси корманди техникии мактаби миёна фаъолият кардааст.  Ҳамсараш – Хуршеда низ омӯзгор аст. Ӯ аз фанҳои  забону адабиёти тоҷик  ва  суруду мусиқӣ толибилмон дарс медиҳад. Инчунин духтари ин оила – Парвина донишҷӯи ихтисоси забони русӣ аст ва дар оянда касби волидонашро идома доданист.

Раҳмонов таъкид мекунад, ки омӯзгорӣ касби пуршараф аст ва на ҳар кас ин касбро пеша карда метавонад. Ӯ ин касбро аз  кӯдакӣ дӯст медошт ва мехост ба дигарон чизе биомӯзонад.

“Омӯзгорӣ ба ман эҳсоси масъулият, муҳаббат ба кӯдакон ва  қаноатмандиро  дод. Аз ман вақти зиёд, меҳнати бефосила ва баъзан осоиштагии шахсиро гирифт. Қариб тамоми нерӯву таваҷҷуҳи зеҳнии ман ба ин касб равона шудааст”, – гуфт муаллим.

Зуҳриддин Раҳмонов 13 сол боз омӯзгор аст. Инчунин 12 сол ба ҳайси хизматчии давлатӣ, шуруъ аз мутахассиси пешбари шӯъбаи маориф то вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Турсунзода фаъолият кардааст.

 

Кумаки шогирдон

“Аз шогирдони худ интизорам, ки меҳнатдӯст, масъулиятшинос ва  фаъол бошанд. Ҳар кас бояд кӯшиш кунад, ки бо дониши худ на  танҳо ба худ, балки ба ҷомеа низ манфиат орад. Мехоҳам  онҳо бо дарсҳо муносибати ҷиддӣ дошта бошанд, савол диҳанд, андешаи худро озод  баён кунанд ва аз донишомӯзӣ шарм накунанд”, – мегӯяд Раҳмонов.

Бо роҳнамоии муаллим Раҳмонов хонандагони ӯ забонҳои англисиро аз омӯхта, ҳоло дар ИМА, Олмон ва Словакия таҳсил доранд.

“Бо гузашти солҳо, онҳо тамосашонро бо ман нигоҳ дошта, пайваста  аз ҳолам пурсон мешаванд. Ин эҳтиром ва таваҷҷуҳ барои ман арзиши бузург дошта, натиҷаи меҳнати софдилонаи омӯзгор аст”, – бо хушнудӣ аз шогирдонаш ёд кард ӯ.

Шогирдони собиқи муаллим, ҳуҷраи фанни забони англисии мактаби №33-ро бо дастгоҳи сабти навор, тахтаи электронӣ ва компютер муҷаҳҳаз кардаанд. Ба таъкиди худи омӯзгор, ин шароит ба баланд бардоштани сифати  таълим  мусоидат  кардааст.

Зуҳриддин Раҳмонов дар  оянда нақша дорад, ки донишу малакаи худро рушд дода, бо усулҳои нави омӯзиш шогирдонашро шавқманд созад ва мекӯшад, то сатҳи дониши хонандагони деҳот боло равад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...