Миёни Тоҷикистону Амрико дар ҳаҷми $3 млрд созишнома ба имзо расидааст. Департаменти давлатии ИМА баъзе ҷузъиёти онро гуфт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Миёни Тоҷикистон ва Амрико ба арзиши беш аз 3 миллиард доллар чанд созишнома ба имзо расидааст. Дар ин бора Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дода, баъзе ҷузъиёти онро ҳам гуфт.

Рӯзи 6-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши дуюми "Осиёи Марказӣ – ИМА" (С5+1) ба Амрико рафт ва бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мулоқот кард.

Ба иттилои Департаменти давлатӣ, дар пайи ин дидор ширкатҳои ду кишвар ба ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар созишномаҳо имзо карданд.

Аз ҷумла, Ширкати ҳавопаймоии "Сомон-эйр" бо ширкати амрикоии “Boeing” барои харидории 14 ҳавопаймои пешрафтаи навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX қарордод бастааст. Арзиши умумии ин созишнома 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад ва 11 ҳазору 480 ҷойи кориро дар Амрико дастгирӣ менамояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам хабар дода, вале маблағи онро расонаӣ накардааст.

Инчунин, Тоҷикистон бо ширкати “Transparent Earth” барои ҳамкорӣ созишномае ба арзиши 32,5 миллион доллар имзо кардааст. Ин ширкат ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон дар истифодаи дурусти захираҳои табиӣ кӯмак мекунад. “Transparent Earth” бо дастгоҳҳои моҳвораӣ имкони таҳқиқи захираҳои табиии кураи Заминро дорад ва шеваи дурусти истифода аз онҳоро ба дигар кишварҳо меомӯзонад.

Мақомдорони Тоҷикистон бо ширкати “Starlink” созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. “Starlink” як бахши ширкати “SpaceX”-и миллиардер Илон Маск аст, ки хадамоти интернети моҳвораӣ пешниҳод мекунад.

Тоҷикистон бо ширкатҳои “Perplexity AI” ва “Zypl AI” низ созишнома имзо кардааст. Ба гуфтаи Департаменти давлатӣ, ин ширкатҳо барои аввалин бор дар ҷаҳон браузери ҳушманди сунъиро таҳия кардаанд, ки барои кори ҳукумат мутобиқ аст ва ин ширкатҳо акнун ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар истифодаи зеҳни сунъӣ ёрӣ мерасонанд.

Ба ширкати амрикоии “Coca-Cola”, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, 9 миллион доллари дигар сармоягузорӣ хоҳад шуд. Ин маблағ барои густариши фаъолияти корхонаи Душанбе истифода мегардад.

Беш аз 70 ширкат бо сармоягузории ИМА

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Зикр гардидааст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст.

Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд.

Нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ

Бояд гуфт, ки Доналд Трамп рӯзи 6-уми ноябр бо раҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Кохи сафед суҳбат дошт. Трамп Осиёи Марказиро як минтақаи бисёр сарватманд номида, гуфт, ки ҳамкориҳои Амрико бо панҷ кишвари онро тақвият медиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Амрико мехоҳад нуфузашро дар Осиёи Марказӣ бештар кунад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ кишварҳои пасошӯравӣ буда, бештар бо Русия ҳамкорӣ доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши C5+1 – Осиёи Марказӣ + ИМА бори аввал соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор гашта буд. Он ба иқтисодиёт, энергетика ва амнияти кишварҳои шарик равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.