Имзои протоколи нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатӣ аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон Протоколи табодули санад дар бораи тасдиқи Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатиро ба имзо расониданд.

Санад рӯзи 15 ноябр аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ӯзбекистон – Бахтиёр Саидов ва Қирғизистон – Жээнбек Кулубаев ба тасвиб расонида шуд.

Дар Вазоратҳои корҳои хориҷии се кишвар таъкид кардаанд, ки ин иқдом натиҷаи муколамаи созанда, эътимоди тарафайн ва ҷонибдории умумии давлатҳо ба таҳкими сулҳу субот ва ҳамраъйӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Гуфта мешавад, анҷоми ҷараёни тасдиқ омодагии дастаҷамъона ба ҳаллу фасли масоил тариқи роҳу усулҳои дипломатӣ бар асоси эҳтиром, равиши стратегӣ ва сиёсати дурандешонаро таҷассум месозад.

Ёдрас мекунем, ки Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар рӯзи 31 март дар вохӯрии сарони ҳар се кишвар имзо шуда буд.

Дар он хат ва мавқеъҳои мушаххасе, ки дар он сарҳади давлатҳо ба ҳам меоянд, муайян карда шудаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки Қирғизистон дар мувофиқа бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хориҷ кардани силоҳи вазнин аз ноҳияҳои наздимарзӣ оғоз кард.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҳамчунин изҳор дошта буд, ки қоидаҳои истифодаи силоҳи оташфишон дар сарҳад бозбинӣ мешаванд, зеро “дигар масоили баҳсӣ намонда, набояд задухӯрдҳо рух диҳанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.