Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барканор шуд. Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ҳам нав шуд

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз 4-уми майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Насреддин Исматулло, ки то кунун муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъин шуд. Насреддин Исматулло аз январи соли 2024 муовини яукми вазири корҳои хориҷӣ буд. Ҳарчанд Абдуҷаббор Раҳмонзода […]

Asia-Plus

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз 4-уми майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Насреддин Исматулло, ки то кунун муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъин шуд. Насреддин Исматулло аз январи соли 2024 муовини яукми вазири корҳои хориҷӣ буд.

Ҳарчанд Абдуҷаббор Раҳмонзода бо баҳонаи "ба кори дигар гузаштан" аз вазифа озод шуд, аммо то ҳол маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъин шудааст.

Ба курсии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода, ки охири ҳафтаи гузашта аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар ИМА озод шуд, таъин карда шуд. Ҳамрализода аз соли 2020 сафири Тоҷикистон дар ИМА буд ва ҳафтаи гузашта ин курсиро барои Завқӣ Завқизода, ҳамакнун вазири пешини рушди иқтисод, холӣ кард.

Бо тағйироти кадрие, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт, муфассал дар маводи "Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.