Роҳандозии “ҳуқуқшинос”-и ҳуши маснӯӣ дар Тоҷикистон

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Ҳуши маснӯӣ (AI)-и ёвари ҳуқуқии "Moni" ин захираи иттилоотиест, ки барои фаҳмиши қонунҳо ва заминаи меъёриву ҳуқуқӣ бунёд шудааст. Замима дар бораи мавзуъҳои гуногун – аз масоили андоз то ҳуқуқ ба қитъаи замин ба корбарон ройгон маълумот пешнҳиод мекунад.

"Moni" барои дарки муқаррароти қонун, пайдо кардани моддаҳои дахлдор дар кодекс ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ёрӣ мерасонад. Айни замон дар сомона метавон бо забонҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, қазоқӣ савол дод ва посух гирифт.

Мазмун ва посухҳое, ки платформа таҳия мекунад, ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дастрас асос ёфтаанд.

Ҳамчунин, маълумот дар "Telegram-канал" бо ин пайванд низ дастрас аст: 

То замони нашри ин хабар ба он 52 кас обуна шуда буданд.

Таҳиягарон зикр мекунанд, ки "Moni" машварат ё тафсири ҳуқуқӣ намедиҳд ва хидматҳои ҳуқуқӣ низ пешниҳод намекунад. Аз ин рӯ, барои ҳамаи масъалаҳои муҳим бояд мустақиман бо ҳуқуқшинос машварат кард.

"Ҳамаи маълумоте, ки дар ин ҷо пешниҳод шудааст, танҳо барои шиносоии умумӣ ва ҳадафҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Ҳарчанд барои таъмини дақиқ, саривақтӣ ва боэътимодии маълумот кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд ҳам, нисбат ба пуррагӣ, дурустӣ ё татбиқшавии он ба ҳолатҳои мушаххас ягон кафолат ё итминон дода намешавад", — менависанд таҳиягарони "Moni".

Онҳо зикр мекунанд, ки қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ метавонанд тағйир ёбанд, бинобар ин, система тағйиру иловаҳои ахирро дар қонунгузорӣ дар бар гирифта наметавонад. Вале рӯйи ин масъала кор идома дорад.

Худи "Moni" тавре ки зикр мешавад, меомӯзад ва эзоҳу шарҳҳои корбарон ва касоне, ки аз он аллакай истифода мебарад, ба беҳтар кардани кори он ёрӣ мерасонанд.

 

Чӣ хел аз "Moni" дуруст истифода кунем?

Таҳиягарон зикр мекунанд, ки барои гирифтани ҷавоби дурусту боэътимод, саволро низ бояд дуруст таҳия ва пешниҳод кард.

Саволро тавре мебояд пешниҳод намуд, ки он тариқи зайл оғоз гардад:

– “Дар қонунгузорӣ доир ба… чӣ гуфта мешавад”

– “Кадом ҳуқуқу уҳдадориҳо…”

– “Дар Кодекси… чӣ пешбинӣ шудааст”.

 

Намунаи саволҳои дуруст

– Дар қонун дар бораи аз ҷониби корфармо ба таъхир гузоштани пардохти маош чӣ гуфта мешавад?

– Дар кадом ҳолатҳо метавон бидуни огоҳӣ аз кор даст кашид?

– Тибқи Кодекси шаҳрвандӣ иҷорагир чӣ гуна ҳуқуқҳо дорад?

– Ба расмият даровардани мерос тибқи қонун чӣ гуна амалӣ мешавад?

– Зимни боздошт аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд чӣ ҳуқуқҳо дорад?

– Барои ба қайд гирифтани шуғли соҳибкории инфиродӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Дар "Telegram-канал"-и "Moni" низ гуфта мешавад, ки замима, ҳуҷҷат таҳия намекунад ва намесанҷад ва танҳо бо қонунгузории Тоҷикистон кор мекунад. Он ба қонунгузории дигар кишварҳо дахл накарда, ақидаи шахсии худро баён намекунад ва танҳо меъёрҳои қонунро шарҳ медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...