Ҷанг дар хориҷаву адои ҷазо дар хона. Шумори парвандаҳои марбут ба зархаридӣ дар Ӯзбекистон 7 баробар афзудааст

Asia-Plus

Тайи се соли ахир шумори парвандаҳои ҷиноятии марбут ба зархаридӣ дар Ӯзбекистон ба таври назаррас афзудааст: агар дар соли 2022 тибқи моддаи 155 Кодекси ҷиноятӣ 19 парванда боз шуда бошад, пас дар соли 2025 шумори онҳо ба 139 парванда расид. Дар ин бора дар филми мустанади "Бахти дар дуриҳо ҷуста" (Узокдан изланган бахт), ки аз ҷониби Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон таҳия шудааст, хабар дода мешавад.

Тавре ки хабаргузории Фарғона бо такя ба хадамоти махсуси Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, аз соли 2022 дар ин кишвар 338 парванда оид ба далели иштироки шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳона дар берун аз ҳудуди Ӯзбекистон оғоз шудааст.

Дар Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон зикр кардаанд, ки ҳамасола садҳо касоне ошкор мешаванд, ки ба созмонҳои динии ифротгаро ё байнулмилалии террористӣ аъзо мешаванд ё ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ ба сифати зархаридон мепайванданд.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандонро ба чунин сохторҳо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ҷалб мекунанд ё онҳоро ба гумроҳӣ меандохтанд ва шояд баъзан ҳадаф фоидаи моддӣ ба даст овардан бошад.

Дар Ӯзбекистон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби давлати хориҷӣ ё сохтори мусаллаҳона (қиси 1, моддаи 154) ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст. Барои ҷалбу таълим, маблағгузорӣ ё таъмини зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар низоъҳо (қисми 2) шахс метавонад ба муҳлати аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Маълумоти оморӣ тибқи моддаи 154 тариқи зайл аст: соли 2022 – 19 парванда, соли 2023 – 68 парванда, соли 2024 – 112 парванда ва соли 2025 – 139 парванда.

“Фарғона” пештар чандин бор дар бораи чунин парвандаҳо хабар дода буд. Масалан, моҳи октябри соли ҷорӣ сокини 55-солаи вилояти Намангон барои имзои қарордод бо Вазорати мудофиаи Русия ва хидмат дар сафи артиши Русия ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Зодаи 32-солаи вилояти Бухоро бошад, барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар вилояти Луҳанск ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Вазъият дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон низ барои зархаридӣ дар моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қонун барои ҷалб, таълим, маблағгузории зархаридон ё истифодаи онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона аз 5 то 12 сол ва зимни иштироки шахсони мансабдор ё ноболиғон –  аз 7 то 15 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи молу мулк пешбинӣ шудааст.

Барои иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиёти ҷангӣ берун аз ҳудуди кишвар ҷазои бештар сангинтар – маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қонун озод гардидан аз масъулият низ пешбинӣ шудааст, агар шахс ихтиёрӣ аз иштирок то хотимаи низоъ даст кашад ва дигар ҷиноятҳо содир накарда бошад.

Маълумот дар бораи чӣ қадар боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон барои зархаридӣ тайи солҳои охир дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...