Тайи чанд рӯзи ахир нархи гази моеъ дар Душанбе ба таври назаррас боло рафт

Нархи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир бар асари коҳиши воридот ба таври назаррас боло рафт. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) гази моеъ нест ва дар нуқтаҳое, ки он ҳаст, бо нархи аз 5,8 то 6,5 сомонӣ фурӯхта мешавад. Охири ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ бо нархи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархи гази моеъ дар пойтахти Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир бар асари коҳиши воридот ба таври назаррас боло рафт. Мушоҳида мешавад, ки дар бисёре аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) гази моеъ нест ва дар нуқтаҳое, ки он ҳаст, бо нархи аз 5,8 то 6,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Охири ҳафтаи гузашта 1 литр гази моеъ бо нархи 4,2 сомонӣ фурӯхта мешуд. Ба истилоҳи дигар, арзиши он давоми чанд рӯзи ахир аз 38% то қариб 55% боло рафт.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки коҳиши воридоти гази моеъ дар навбати аввал ба маҳдудиятҳои содироти он аз Қазоқистон вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи фармони иҷрокунундаи вазифаи вазири энергетикаи Қазоқистон, ки аз рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 14-уми ноябр ба ҳукми иҷро даромад, содироти гази моеъ тариқи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ба муҳлати 6 моҳ манъ шуд.

Ғайр аз ин, коҳиши ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишвориро дар Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ба масоили логистикӣ низ марбут медонанд.

Дар Вазорат шарҳ доданд, ки айни замон дар иншооти зерсохтори роҳи оҳани Қазоқистон корҳои таъмир ҷараён дошта, дар ин робита маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд, яъне ҳаракати на бештар аз 30 вагон дар як шабонарӯз.

Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки болоравии нарх ба сӯзишворӣ маъмулан бо сабаби камбуди он дар бозор сурат мегирад. Дар Хадамот зикр карданд, ки айни замон ин масъала мавриди таҳлилу омӯзиши мутахассисон қарор дошта, пас аз анҷоми он онҳо шарҳи бештар муфассал медиҳанд.

Нерӯи барқ ба ивази газ?

Бояд гуфт, тайи даҳсолаи ахир гази моеъ ба туфайли нисбатан арзон будан, навъи асосии сӯзишвории автомобилӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.

Аввали солҳои 2010-ум ронандагони автомашинаҳо дар пасманзари болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ, тадриҷан ба истифодаи газ гузаштанд.

Аллакай нимаи солҳои 2010-ум тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз гази моеъ истифода мекарданд.

Аммо солҳои охир бахусус дар пойтахт афзоши шумори мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) ба мушоҳида мерасад. Ин ба он оварда расонид, ки талабот ба навъҳои маъмули сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ кам шавад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 28 ҳазор ва танҳо дар зарфи 5 моҳи соли 2025 – қариб 13 ҳазор адад электромобил ворид шудааст.

Шумори умумии мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо дар кишвар то 1 июни соли 2025 зиёда аз 34 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нимсолаи аввали соли 2025 ба ҷумҳурӣ 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Зиёда аз 53% аз ин ҳаҷм аз Русия ва ҳудуди 47% – аз Қазоқистон оварда шудааст.

Ба воридоти гази моеъ дар ин давра 15 ширкат машғул шудаанд, ки ҳиссаи нисбатан бештараш ба ин ширкатҳо рост меояд:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.