Тоҷикистон босуръат шаҳрнишин мешавад: то соли 2050 тақрибан 90% аҳолӣ дар шаҳрҳо маскун мешаванд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон гузариш ба модели тарзи зиндагӣ дар шаҳр суръат мегирад: то миёнаи аср аз ҳар 10 сокини кишвар тақрибан 9-тоаш шаҳрнишин хоҳанд шуд.

Дар гузориши нави Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки рӯзи 19 ноябри соли 2025 нашр шудааст, тамоюлҳои калидии шаҳришавии глобалӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ нишон дода шудааст.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки кишварҳои минтақа фаъолона ба модели рушди шаҳрӣ гузашта, ин раванд дар даҳсолаи наздик тақвият меёбад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳои бештар босуръат шаҳришавии Осиёи Марказӣ дохил мешавад. Аллакай дар соли 2025 зиёда аз 51% аҳолии кишвар дар шаҳрҳои хурд ва шаҳракҳо  ва 33,3% — дар шаҳрҳои бузург зиндагӣ хоҳанд кард.

Дар маҳаллаҳои аҳолинишини соф деҳот танҳо 15,5%-и аҳолӣ боқӣ мемонад, ки аз минбаъд коҳиш ёфтани ҳиссаи он гувоҳӣ медиҳад.

Пешгӯиҳо барои соли 2050 тағйироти назаррас дар сохтори аҳолиро нишон медиҳанд. Ҳиссаи аҳолии шаҳрҳои бузург то 46,8% афзуда, дар ҳамин ҳол, ҳисаи аҳолии деҳот то 10,3% поин меравад. Шаҳрҳои хурд ва шаҳркаҳо нақши худро нигоҳ дошта, лекин ҳиссаи онҳо то 42,9% кам мешавад.

Ба сурати умум, ин маънои онро дорад, ки қариб 90%-и сокинони Тоҷикистон дар мавзеъҳои шаҳришуда иқомат хоҳанд кард.

Дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон кишвари дорои фоизи баландтарини аҳолӣ боқӣ мемонад, ки дар шаҳрҳои хурд зиндагӣ мекунанд, лекин инчунин аз суръатҳои баланди гузариш ба шаҳрҳои бузургро нишон медиҳад.

Барои муқоиса, то соли 20250 ҳиссаи аҳолии шаҳрҳои бузург дар Қазоқистон 51%, дар Ӯзбекистон – 54,6%, Қирғизистон – 43,4% ва Туркманистон – 37,8%-ро ташкил хоҳад дод. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ то 50,3% зиёд мешавад.

Афзоиши масоҳати қаламравҳои биношуда

Тибқи гузориши СММ, Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиши назарраси масоҳати қаламравҳои биношударо нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя, нишондиҳандаҳои масоҳати қаламравҳои биношуда ба ҳар сари аҳолӣ дар кишвари мо то ҳол пасттар боқӣ мемонанд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...