Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Зеленский, президенти Украина камтар аз як ҳафта муҳлат додааст, ки тарҳи сулҳи пешниҳоднамудаи Вашингтонро тасдиқ кунад. Ӯ дар ҳузури рӯзноманигрон гуфт, рӯзи эҳтимолии имзои тарҳи сулҳ панҷшанбеи 27-уми ноябр аст.
Вай дар суҳбат бо телевизиони “Fox News” гуфтааст, ки “вақт барои чунин қадам комилан муносиб аст”, менависад DW.
“Мо чунин меҳисобем, ки роҳи расидан ба сулҳро ёфтем. Ба ӯ (Владимир Зеленский, дар назар аст, аз идора) лозим меояд, ки онро тасдиқ кунад”, – гуфт ӯ дар Кохи Сафед ҳангоми қабули Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори нави Ню-Йорк.
Доналд Трамп зикр кардааст, ки анҷоми тезтари ҷангро интизор буд ва ба даст овардани оташбас умед дошт. Вай дар идома гуфтааст, “президент Путин муносибатҳои хуб дорад”, менависад “Медуза”.
Президенти ИМА талафоти Русия ва Украинаро дар ин ҷанг бо қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон муқоиса кардааст.
“Дар моҳи гузашта онҳо 25 ҳазор сарбозро аз даст доданд. Мо то ҳол ҳеҷ гоҳ чунин чизро надидаем. Ин Ҷанги дуюми ҷаҳон аст", — гуфт ӯ.
Ба иттилои “The Washington Post”, тарҳи сулҳи ИМА аз 28 банд иборат аст: аз даст кашидани Украина аз пайвастан ба НАТО то маҳдуд кардани шумораи артиши кишвар ва муҳокимаи эҳтимоли бекор кардани таҳримҳо алайҳи Русия.
ИМА умед дорад, ки Маскав ва Киев тавонанд созишномаи ниҳоиро то поёни соли 2025 мувофиқа кунанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар қабули ҳуҷҷатро тасдиқ кард, аммо гуфт, онро бо Вашингтон то ҳол “муфассал” баррасӣ накардааст.
Оҷонсии иттилоотии “Reuters” бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дод, ки Украина, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса посух-тарҳи муқобил ба нақшаи амрикоиро таҳия мекунанд. Яке аз манбаъҳо гуфтааст, эҳтимол ба ин кор дигар кишварҳои аврупоӣ низ ҳамроҳ шаванд.
Дар ҳамин ҳол, бархе расонаҳои ғарбӣ, бо истинод ба манбаъҳои худ гуфтанд, ки ИМА таҳдид мекунад, ки интиқоли маълумоти истихборотӣ ва фурӯши силоҳ ба Украинаро қатъ хоҳад кард, то онро маҷбур созад, ки ба нақшаи нави сулҳ розӣ шавад, менависад BBC.
Аз ҷумла «Reuters» навишт, ки Вашингтон ҳоло ба дар ҳар вақти дигар ба Киев фишори бештар меорад ва талаб дорад, ки то 27-уми ноябр созишномаро имзо кунад.
«The Guardian» бо истинод ба манбаъҳои худ дар ИМА хабар дод, ки гурӯҳи генералҳо амрикоӣ, охири ҳафтаи оянда ба Маскав меравад, то “нақшаи сулҳ”-и пешниҳодшудаи Вашингтонро бо намояндагони Кремл баррасӣ кунад. Ҳамзамон, рӯзи шанбе раҳбарони кишварҳои G7 (“Гурӯҳи ҳафт”) ва як қатор давлатҳои G20 (“Гурӯҳи бист”) ҳамин нақшаро дар ҳошияи ҳамоиши дурӯзаи G20 дар Йоханнесбург баррасӣ хоҳанд кард.
"Ё аз даст додани шараф ё хатари аз даст додани шарики калидӣ"
Владимир Зеленский дар як изҳороти видеоии худ ба мардуми Украина гуфт, тарҳи нави сулҳи пешниҳоднамудаи ИМА яке аз лаҳзаҳои аз ҳама вазнини таърихи муосири Украина гардид. Ӯ афзуд, кишвараш байни ҳифзи шараф ва хатари аз даст додани шарики калидӣ, инчунин байни иҷрои шартҳои душвор ва зимистони сангин, ки метавонад душвортарини давраи ҷанг гардад, қарор гирифтааст.
“Украина метавонад дар назди интихоби хеле мушкил қарор гирад: ё аз даст додани шараф ё хатари аз даст додани шарики калидӣ.
Ё 28 банди душвор ё зимистони ниҳоят сангин ва хатари минбаъда. Зиндагии бидуни озодӣ, шараф ва адолат – ва мо бояд ба касе бовар кунем, ки ду бор ҳамла кардааст”— гуфтааст Владимир Зеленский.
Ӯ таъкид кардааст, ки Киев ба шартҳое, ки шарафи кишварро поймол мекунанд, розӣ намешавад ва ба тарҳи амрикоӣ, нақшаи алтернатива пешниҳод хоҳад кард.
Тарҳи сулҳи Доналд Трамп
Рӯзи 21-уми ноябр хабаргузории “Axios” маводи “тарҳи Трамп оид ба танзими низои Украина ва Русия”-ро, ки аз 28 банд иборат аст, нашр кард.
Ба иттилои манбаъҳои Кохи Сафед, айнан ҳамин маҷмӯи пешниҳодҳо барои баррасӣ ба ҷониби Украина ва Русия пешниҳод шудааст. Ҳуҷҷат, аз ҷумла, аз даст кашидани Украина аз пайвастан ба НАТО, коҳиши шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи он то 600 ҳазор нафар ва баргузории интихобот дар муддати сад рӯз пас аз ба даст овардани созишро пешбинӣ мекунад.
Қрим, инчунин қаламравҳои Луҳанск ва Донетск ҳамчун қаламрави Русия эътироф карда мешаванд.
Ғайр аз ин, тарҳ бастани созишномаи васеи миёни Русия, Украина ва кишварҳои аврупоиро пешбинӣ мекунад ва ба Киев кафолатҳои амниятӣ медиҳад.
Бахши алоҳида ба барқарорсозии Украина бахшида шудааст. Барои ин, пешниҳод шудааст, ки 100 миллиард доллар аз дороиҳои мусодираншудаи Русия, ки таҳти идораи ИМА аст, равона карда шавад ва кишварҳои аврупоӣ бояд 100 миллиард доллари дигар илова кунанд.
Қисми боқимондаи дороиҳо, мувофиқи ҳуҷҷат, ба фонди сармоягузории амрикоиву русӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои гуногуни иқтисод равона хоҳад шуд.
Ҳамчунин ба Русия пешниҳод мешавад, ки ба формати G8 баргардад ва таҳримҳо алайҳи Маскав бояд мувофиқи ҷадвали мувофиқашуда тадриҷан бекор карда шаванд.
Илова бар ин, манбаъҳо мегӯянд, ки ҳуҷҷат банде дар бораи авф ё бахшиши пурраи ҳамаи иштирокчиёни низоъ ва даст кашидан аз ҳама гуна даъвоҳо ва баррасии минбаъдаро дар бар мегирад.
Ин тарҳ то ҳол ба таври расмӣ нашр нашудааст.


