Солҳои охир фазои маҷозӣ ба майдони асосии рақобати ривоятҳо табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷонибҳи манфиатдор бо истифода аз имкониятҳои фазои рақамӣ ва ангезишҳои равоншинохтӣ, паёмҳои худро бо забони эҳсос, рамз ва шиорҳои муассир паҳн карда ба мухотабон ҷаҳонбинӣ ва арзёбиҳои якҷонибаи худро пешниҳод мекунанд.
Ин раванд барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бегона нест. Бо вуҷуди вижагиҳои маҳаллӣ, бархӯрд ва равиши умумӣ як аст: муроҷиат ба ҳувияти динӣ, истифода аз захмҳои иҷтимоӣ, коҳиши таҳаммул ва барангехтани нафрату бадбинӣ нисбат ба “дигарон” ва даъват ба зӯроварӣ. Аз ин рӯ, шинохти дурусти гуфтумони ифротӣ дар фазои маҷозӣ на танҳо вазифаи илмию пажӯҳишӣ, балки зарурати амниятӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Дар гуфтугӯи илмӣ ривояти ифротӣ достони пурэҳсос ва пуррамз аст, ки воқеиятро аз полоиш (филтр) ва қолабҳои идеологӣ гузаронида, дар зеҳни мухотабон тасаввури “худӣ” ва “бегона” месозад, эҳсоси “мазлумият”-ро парвариш медиҳад ва роҳи ягонаи наҷотро пайравӣ аз равиши сахтгиронаи ифротиён муаррифӣ мекунад. Ин навъи гуфтор бо калимаҳои калидӣ, тасвирҳои таъсирбахш ва шиорҳои соддаи хотирмон кор мекунад, то дар зеҳни шунаванда пайванди ҳувиятӣ эҷод шавад.
Ривоятҳои фарогир чун тасаввури муборизаи ҷаҳонӣ ё бозгашт ба “исломи ноб” гиреҳҳои идеологиро муайян мекунанд. Дар сатҳи амалӣ ин андешаҳо бо тафсилоти маҳаллӣ мепайванданд. Дардҳои иҷтимоӣ, баҳсҳои фарҳангӣ ва сиёсатҳои динӣ ба он ворид мешаванд, то паём ба таҷрибаи мухотабони маҳаллӣ наздик гардад. Аз ин рӯ, барои шинохти дурусти ин падида ба муҳтавои идеологии ин таблиғот ва ҳамзамон вижагиҳои фазои иҷтимоӣ ва иттилоотии маҳаллӣ бояд таваҷҷуҳ кунем.
Фазои маҷозии Тоҷикистон тақрибан аз соли 2007 то имрӯз дар сурати оммавӣ шакл гирифт. Аввал “Одноклассники” ва “ВКонтакте”, сипас “Facebook” минбари баҳси иҷтимоии қишри таҳсилдида гардиданд. Имрӯзҳо “Instagram”, “TikTok” ва видеоплатформаҳо корбар ва таъсири бештар доранд. Мессенҷерҳо монанди “Telegram” ва “WhatsApp” ба канали пӯшидаи муошират (аз ҷумла барои таблиғоти ифротӣ) табдил ёфтаанд.
Гардиши корбарону мухотабон аз як шабака ба шабакаи дигар баёнгари он аст, ки ифротгароён танҳо дар як майдон фаъол нестанд. Онҳо ба муҳити пӯё ва зудтағйирёбанда унс гирифта, паёмҳояшонро аз каналҳои кушода ба гурӯҳҳои пӯшида мебаранд ва баръакс, паёмҳоро бознашр ва ҳамарасонаӣ мекунанд, ба забони корбарону мухотабони гурӯҳҳои мақсад мутобиқ шуда, доираи навро фаро мегирад.
Мазмуну муҳтавои идеологии ривоятҳои ифротӣ, ки дар фазои тоҷикӣ мушоҳида мешаванд, чанд меҳвар доранд. Яке аз онҳо “даъвои поксозӣ ва бозгашт ба исломи ноб” аст. Ин равиш радди суннатҳои маҳаллӣ, беэътибор кардани уламои анъанавӣ ва даъват ба ифроту сахтгириро дар бар мегирад. Меҳвари дигар “ҳамбастагӣ ва ваҳдати уммат” аст, ки эҳсоси ҷамоати зери фишорро парвариш медиҳад ва эҳсоси масъулият барои ҳифзи “бародарони имонӣ” ба дӯш мегузорад.
“Душмансозӣ” ва “дигарситезӣ” низ аз мавзуъҳои меҳварии таблиғоти ифротӣ аст, ки мухолифон чун кофир, муртад, пайрави мазҳаби дигар ба унвони ҳадафи нафрат муаррифӣ мешаванд. Нуктаи дигар “напазируфтани давлатдории дунявӣ ва қонунҳои миллӣ” аст. Дар ин ҷараён “ҳукумати ғайришаръӣ” решаи тамоми мушкилот муаррифӣ шуда, барқарор намудани “ҳукумат бар пояи қавонин ва меъёрҳои динӣ” чун роҳи ҳалли ягона пешниҳод мешавад.
Дар миёни ин ривоятҳо “хилофати ормонӣ” низ ҷойгоҳи худро дорад. Ин ривоят даврони садри исломро бар сурати асри тиллоӣ ва даврони гулгулшукуфӣ нишон дода муттаҳидсозии маҷозии ҳувиятҳоро талқин мекунад. Ниҳоят маҷмӯи ривоят ва паёмҳо бар асоси “ғарбситезӣ” ва “назарияҳои тавтеа” ба миён меоянд. Радди демократия, гумони тавтеаҳои ҷаҳонӣ ва коҳиши эътимод ба манобеи мустақил бо ҳам пайванд мегиранд. Вақте ин меҳварҳо бо мушкилоти маҳаллӣ, аз ҷумла муҳоҷират, нобаробарии иқтисодӣ, маҳдудияти имкониятҳои таълимӣ ва баҳсҳои либос мепайванданд, онҳо метавонанд ба ривоятҳои қавӣ ва муассир табдил ёбанд.
Шакл ва роҳҳои паҳнсозӣ низ қонунияти худро доранд. Дар шабакаҳои кушода муҳтаво бо забони сода ва тасвирҳои таъсирбахш интишор мешавад, то барои мухотабони сатҳи гуногун таъсиргузор бошанд. Дар гурӯҳҳои пӯшида баръакс матнҳои тӯлонӣ, дарсҳои аудиоӣ ва видеоӣ, ҷадвалҳои амалӣ ва шакли саволу ҷавоб миёнӣ мегиранд. Муҳтаво барои гурӯҳ ва қишрҳои гуногун мутобиқ мешавад. Барои ҷавонон мавзӯи адолати иҷтимоӣ ва маънои ҳаёт; барои занон – эҳсоси модарӣ ва нақши зан дар тарбия; барои муҳоҷирон – эҳсоси бегонагӣ ва ҳифзи обрӯ дар муҳити бегона, матраҳ мешаванд. Садои мухолифон аз ҷониби гардонанда (модератор) зуд ба ҳошия ё ҳазф шуда, фазои якдилии зоҳирӣ ташаккул меёбад.
Омилҳои дохилӣ ва маҳаллӣ ба ин манзара ранги вижа медиҳанд. Диаспораи бузурги муҳоҷир бо таҷрибаи тӯлонии табъиз ва бегонашавӣ дар кишварҳои пазиранда низ гурӯҳи осебпазир аст. Ҷустуҷӯи маъно ва ҳувият дар дурӣ аз хона онҳоро ба гуфтори тунд ва эҳсосотӣ моил мекунад.
Дар баробари омилҳои дигар омили забонӣ низ вижагиҳои фазои таблиғоти ифротиро миёни тоҷикон муайян мекунад. Ҳарчанд муҳтавои мавод ва паёмҳои тоҷикӣ ба хатти сирилик аз сифат ва таъсири баланд бархӯрдор нестанд аммо омезиши фазои русизабон ва форсизабон ин халоро пур ва паҳноро васеътар месозад. Бештари корбарони тоҷик аз маводи мубаллиғони русизабони кишварҳои пасошӯравӣ ва форсизабонони эрониву афғонистонӣ ба таври васеъ бархӯрдоранд.
Сиёсати давлатӣ дар арсаи амнияти рақамӣ ва муқовимат ба маводи хатарнок нақши муҳим бозидааст. Муқаррароти ҷиноӣ нисбат ба паҳнсозии экстремизм, маҳдудиятҳои техникӣ ва бастани сомонаҳо дастрасиро то андоза танг кард, вале таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо чораҳои дурушт ва манъ кардан кофӣ нестанд. Баста шудани як дар метавонад омили кушода шудани дарҳои дигар шавад. Агар дар фазои иттилоотӣ ва ҷомеа ривоятҳои ҷойгузини мусбат вуҷуд надошта бошад, хало ба зудӣ бо андешаи тундрав ва ифротӣ аз сарчашмаҳои гуно"гун пур мешавад.
Аз ҳамин лиҳоз, посухи муассир бояд ду равиш бархӯрдор бошад. Равиши дурушт аз қонунмандӣ, таҳқиқ ва боздошти таблиғгарони хушунат, инчунин поксозии фазои иттилоотӣ аз даъватҳои рӯйирост ба зӯроварӣ иборат аст. Равиши нарм аз эҷоди ривоятҳои ҷойгузин, саводи расонаӣ, тавонмандсозии ҷавонон, дастгирии уламои муътадил ва идораи ихтилофи ақидаҳо бо забони далел ва ҳикмат иборат мебошад. Ҳамзамон ҳузури фаъол дар майдонҳои кушода аз тариқи тавлиди муҳтавои ҷолиб ва боварбахш ба забони тоҷикӣ зарурат дорад, то гуфтори созанда халои мавҷударо пур кунад.
Дар ниҳоят, “экстремизми онлайнӣ” дар Тоҷикистон аз ҷои холӣ пайдо ва дар майдони холӣ афзоиш намекунад. Он аз муҳити ҷаҳонӣ маншаъ гирифта, дар заминаи маҳаллӣ реша медавонад. Муҳоҷират, нобаробарӣ, баҳси ҳувият, ихтилофи мазҳабӣ ва камбуди имкониятҳои худташаккул барои он майдон фароҳам меоранд. “Экстремизми онлайнӣ” танҳо офаридани мазмун ва муҳтавои ифротӣ набуда, роҳҳои вижаи густариш, эҷоди шабакаҳои ҳамкор, гурӯҳҳои мухотаби мавриди ҳадаф ва идораи ин раванд мебошад. Пас посух низ бояд муназзам ва бисёрсамтӣ бошад.
Бо дарназардошти ин, як қатор қадамҳои амалӣ муҳим ба назар мерасанд. Пеш аз ҳама тақвияти тафаккури интиқодӣ ва саводи рақамӣ тавассути барномаҳои омӯзишӣ барои ҷавонон, омӯзгорон ва рӯзноманигорон зарур аст, то муҳтавои ифротиро шиносанд ва таҳлил кунанд.
Ҳамчунин бояд ривоятҳои ҷойгузин ва фарогир дар ҳамкорӣ ниҳодҳои фарҳангӣ, динӣ ва таъсиргузорони маҳаллӣ шакл гирифта арзишҳои таҳаммулпазирӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамзистии осоиштаро таблиғ кунанд. Дар ин росто мониторинги доимӣ ва таҳлили илмии ривоятҳо бо истифода аз “харитаи ривоятҳо”, пажӯҳишҳои майдонӣ ва омӯзиши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Барои татбиқи муваффақи ҳамаи ин ҳадаф ва вазифаҳо бояд аз зарфият ва имкониятҳои ҳуши маснуи низ ба таври густурда истифода шавад.
Мавод дар доираи лоиҳаи Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) "Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез барои солҳои 2021–2025 (марҳилаи 4 – маъракаи огоҳибахшӣ ва иттилоърасонӣ барои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар вилояти Хатлон)" таҳия гардидааст.


