Русия хариди симкорт барои хориҷиёнро пурзӯр кард. Чӣ гуна муҳоҷирон метавонанд симкорт харанд?

Алина Валаматзода, Asia-Plus

Шурӯъ аз соли равон тартиби хариди симкорти телефонҳо дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ сангинтар шуд. Аз ҷумла ҳамакнун барои харидории симкор бояд дар барномаи "Хадамоти давлатӣ" (Госуслуги) худро ба қайд гузошт ва як бастаи комили ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ (СНИЛС) пешниҳод кард.

Бо ишора ба пурзӯр шудани хариди симкорт дар ин кишвар, "Азия-Плюс" тамсим гирифт, ки дар бораи гирифтани симкорти Русия қадам ба қадам маълумот диҳам.

 

Шахсан бояд ба дафтари корӣ равед

Шаҳрванди хориҷӣ бояд шахсан ба дафтари кории оператор (Мегафон, Билайн, МТС, Tele2 ва ғайра) равад. Онлайнхаридорӣ дастрас нест.

 

Омода кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ

Барои ба расмият даровардани симкорт хориҷиён, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

– Шиноснома ва тарҷумаи тасдиқшудаи он (метавон дар марказҳои тарҷумонӣ ё дар назди нортариусҳо анҷом дод);

– Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ (СНИЛС). Агар онро надошта бошед, гирифтан лозим аст. Барои ба расмият даровардан маъмулан 5 рӯз вақт сарф мешавад. Онро метавон аз Маркази бисёрсоҳавӣ, Фонди иҷтимоии Русия ё аз корфармо дастрас кард;

– Сабти тасдиқшудаи қайд дар "Госуслуги”. Барои ин дар пойгоҳи “Госуслуги” аккаунт сохта, онро дар Маркази бисёрсоҳавӣ тасдиқ кардан зарур аст;

– Дастрасӣ ба початаи электронӣ, ки дар “Госуслуги” зикр шудааст;

– Маълумоти биометрӣ, ки дар Системаи ягонаи биометрӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин маълумотро ба оператор супурдан имкон надорад, аз ин рӯ, бо шиноснома ва Рақами суғуртаи суратҳисоби инфиродии шахсӣ ба бонк рафтан лозим меояд.

– IMEI телефони мобилӣ, ки дар он симкорт истифода мешавад. Дар назар дошта бошед, ки шумо ҳамин симкортро дар дигар дастгоҳҳои мобилӣ наметавонед истифода баред.

 

Нархи симкортҳо барои хориҷиҳо фарқ дорад?

Не. Сарфи назар аз шаҳрванди кадом кишвар будани корбар, нархи он як хел аст. Нархи симкорт ба таърифа (тариф)-и интихобкарда ва оператори алоқа вобаста аст. Фаъолсозии симкорт ройгон аст.

 

Маҳдудият. На бештар аз 10 симкорт

Ба шаҳрванди хориҷӣ иҷоза дода шудааст, ки ҳадди ниҳоӣ (максимум) 10 рақам аз ҳамаи операторон дошта бошад. Агар шумо зиёдтар дошта бошед, пас симкортҳои зиёдатиро бекор кардан лозим меояд.

 

Чӣ гуна метавон санҷид, ки ба номи шумо чанд симкорт ба қайд гирифта шудааст.

Инро метавон дар портали “Госуслуги” ё худи операторон муайян кард.

 

Чӣ мешавад, агар қоидаҳоро риоя накунем?

То ҳол дар бораи риоя накардани ин қоидаҳо ҷазо расонаӣ нашудааст. Вале чораи асосӣ ин қатъи  рақам ё бекор кардани шартнома аст. 

Вале баро дорандагони симкортҳо талаботи зерин амал мекунанд:

– Симкорт дар IMEI-и як рақами мушаххас ба қайд гирифта мешавад. Истифодаи он дар дигар телефон мумкин нест;

– Симкортро ба дигар шахсон додан мумкин нест;

– Ба доштани зиёда аз 10 симкорт иҷоза дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...