Марги 17 кас дар пайи қариб ҳазор ҳодисаи сӯхтор дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар пайи 985 ҳодисаи сӯхтор дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон, 17 нафар ҷони худро аз даст дода, ба амволи давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон 23 миллиону 360 ҳазор сомонӣ зарар расидааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар такя ба Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳодисаҳои оташсӯзӣ имсол дар кишвар афзоиш ёфта, назар ба 9 моҳи соли гузашта 132 ҳолати сӯхтор бештар ба қайд гирифта шудааст. 

Ҳамчунин, манбаъ илова кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон  кормандони оташнишонӣ ба маблағи 684 миллиону 677 ҳазор сомонӣ молу мулки мардумро аз сӯхтор наҷот додаанд.

“Ховар” бо такя ба мутахассисон навиштааст, ки “аксар ҳодисаҳои сӯхтор маҳз аз бемасъулиятӣ, беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оддӣ ба амал меоянд”.

Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аҳёнан дар пайи ин оташигирҳо шаҳрвандони ҳам ҷон медиҳанд.

Аз ҷумла, шаби 12 ба 13- уми дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд. Ҳарчанд тибқи хабари мақомот, қисме аз молу колои бозор ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Аммо дар наворҳои баъди сӯхтор нашршуда мушоҳида мешавад, ки бозор қариб пурра сӯхтааст.

Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...