Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон 23 медал гирифтанд

Asia-Plus

Ҷудокорони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар Душанбе гузашт, соҳиби 23 медал – 4 тилло, 6 нуқра ва 13 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст.

Дар рӯзи дуввуми мусобиқа, ду медали тиллои варзишгарони ҷавони тоҷикро Зикриаллоҳ Шарипов дар вазни то 81 кг ва Паншер Муминов дар вазни то 90 кг ба даст оварданд.

Барандагони медалҳои нуқра, дар рӯзи дуввум, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза дар вазни то 90 кг ва Абдуллоҷон Бобоев дар вазни ҷамъи 100 кг ҳастанд.

Медалҳои биринҷиро Муҳаммадҷон Юсупов  дар вазни то 81 кг, Абдуқодир Элмуродов ва Зикриё Одиназода ҳарду дар вазни то 90 кг, момалӣ Қурбонов ва Шоҳрух Умаров ҳарду дар вазни то 100 кг ва Шоҳмирхурд Бурҳонзода дар вазни ҷамъи 100 кг моли худ карданд.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони ҷавони тоҷик ба гирифтани 12 медал – 2 тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ даст ёфтаа буданд.

Медалҳои тиллоро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг ва Бинёмин Назиров дар вазни то 73 кг ба даст оварданд.

Барандагони медалҳои нуқра даро рӯи аввал Шокир Ғаюбов дар вазни то 60 кг, Абдуллои Ориф дар вазни 73 кг ва Нушин Ҷумаева дар вазни то 48 кг мебошанд.

Ин варзишгарон медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд:

– Рамзиддин Азизов ва

– Умар Раҳимзода ҳарду дар вазни то 60 кг;

– Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг;

– Ворис Назаров дар вазни то 73 кг;

– Марям Назарова ҳарду дар вазни то 48 кг;

– Райҳона Розиқзода дар вазни то 52 кг;

– Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг.

Ҷоми ҷудои Осиё миёни ҷавонон рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.

Пеш аз ин, рӯзҳои 20-21-уми ноябр дар Душанбе Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон ҳам баргузор шуда буд, ки варзишгарони тоҷик 10 медал – 6 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...