Расонаҳо: Тарҳи сулҳи Амрико дар робита ба ҷанг дар Украина аз 28 то 19 банд кам шуд

Asia-Plus

Тарҳи сулҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА дар робита ба ҷанг дар Украина, ки аз ҷониби Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод шуд, дар гуфтушуниди Женева ба таври қобили мулоҳиза бозбинӣ шудааст.

Тавре ки расонаҳо бо истинод ба "Financial Times" хабар медиҳанд, санади аввал, ки аз 25 банд иборат буд, то 19 банд кам карда шуд.

Маҳз кадом бандҳо ихтисор шуданд, ҳоло маълум нест. Вале Александр Бевз, мушовири дафтари президенти Украина гуфтааст, ки қисме аз бандҳо пурра хориҷ шуда, қисми дигар коркард шудааст.

Масоили ҳассосе, мисли узвияти эҳтимолии Украина ба Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баррасӣ нашуда, ҳалли он дар сатҳи сарони кишварҳои ИМА ва Украина гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти "Bloomberg", дар гузинаи нав пешниҳод дар бораи истифодаи ҳудуди 100 млрд доллар дороиҳои бандшудаи Русия барои барқарор намудани Украина хориҷ шудааст. Ҳамчунин пешниҳодҳо доир ба сохтор ва шумораи артиши Украина тасҳеҳ шудааст.

 

Аврупо тарҳи сулҳи ҷойгузин пешниҳод кард

Дар ҳамин ҳол, давлатҳои аврупоӣ намунаи тарҳи сулҳи худро пешниҳод кардаанд. Ба иттилои "Meduza", тарҳи сулҳи Аврупо аз 24 банд иборат буда, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар муқоиса бо лоиҳаи ИМА мусоидтар ва қобили қабул барои Украина мебошад.

Дар санади аврупоиҳо то 600 ҳазор нафар коҳиш додани артиши Қувваҳои мусаллаҳи Украина пешниҳод нагардида, зикр мешавад, ки дар замони осоишта шумораи ин артиш метавонад то 800 ҳазор нафар бошад.

Масъалаи узвияти Украина ба НАТО дар ин санад хориҷ нашуда, дар назар аст, ки қарори ниҳоӣ дар ин хусус аз ҷониби созиши кишварҳои ин созмон қабул карда мешавад.

Дар робита ба дороиҳои бандшудаи Русия пешниҳод мегардад, ки онҳо то ҷуброни зиён ба Украина аз ҷониби Русия, дар ҳамин ҳолат боқӣ гузошта мешаванд.

Ҳамчунин дар лоиҳаи Аврупо созишномаи фарогир дар бораи ҳуҷуму накардан байни Русия, Украина ва НАТО, кафолати амниятӣ, таъсиси фонди барқарорсозии Украина ва гурӯҳи байналмилалӣ оид ба пайгирӣ (мониторинг)-и иҷрои созишнома пешбинӣ шудааст.

 

Нигарониҳои Аврупо ва иқдомоти минбаъда

Дар ҳамин ҳол дипломатҳои аврупоӣ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Амрико қарорҳои калидиро бидуни ширкати фаъолонаи Иттиҳоди Аврупо қабул мекунад. Онҳо бар ин назаранд, ки санади онҳо манфиатҳои дарозмуҳлати аминияти минтақаро хубтару беҳтар ба инобат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, ИМА исрор меварзанд, ки тарҳи иборат аз 19 банди бозбинишуда ба оташбаси ҳарчи зудтар нигаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон зикр мекунанд, ки мавҷуд набудани қарорҳои мушаххас дар мавриди қаламравҳо ва кафолати амниятӣ номуайянӣ ба вуҷуд меорад.

Ба сатҳи сарони давлатҳои гузаронидани ин мавзӯъҳо метавонад раванди мувофиқасозиро тӯлонӣ карда, ба ихтилофҳои нав оварда расонад.

Ҳарду тарҳ ҳоло ҳамчун санадҳои қолабӣ, ки ба коркади минбаъда ниёз доранд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Сарфи назар аз пешрафти изҳоргардида, масоили калидии сиёсӣ ва марбут ба қаламравҳо кушода боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...