Мане, Феликс, Брозович, Мартинес… дар Душанбе. Роналду боз ба Тоҷикистон наомад

Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст. Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад, вале Криштиану Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ ва ҳамлагари ин даста ба он шомил нест. Сабаби ба Тоҷикистон наомадани Роналду то кунун расман шарҳ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, футболбозони маъруфе чун Садио Мане, Жоау Феликс, Марсело Брозович, Иниго Мартинес, ки дар дастаи “Ан-Наср” бозӣ мекунанд, ба Тоҷикистон омадаанд.

Рақобати “Истиқлол” бо “Ан-Наср” дар доираи даври 5-уми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, соати 18:45 оғоз мешавад. Дар бозии аввали дастаҳо, ки моҳи сентябр дар шаҳри Риёз доир шуд, “Ан-Наср” бо ҳисоби калони 5:0 “Истиқлол”-ро ноком карда буд.

Ҳардуи даста ҳамроҳ бо “Аз-Завра”-и Ироқ ва  “Гоа”-и Ҳиндустон дар гурӯҳи “D”-и мусобиқа қарор доранд. Ҳоло “Ан-Наср” бо 12 имтиёз садрнишини гурӯҳ буда, “Аз-Завра” ва“Истиқлол” бо доштани 6 холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм ва “Гоа” бо 0 имтиёз дар ҷои охир қарор доранд.

Ин бори аввал нест, ки Криштиану Роналду дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” ба Тоҷикистон намеояд. Соли гузашта ҳам дар доираи Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё, ин даста бо тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар як гурӯҳ буданд. Вале Криштиану Роналду бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон дар ҳайати “Ан Наср” ба Тоҷикистон наомада буд.

Ҳарчанд дар пайи хабарҳо дар бораи омадани Криштиану нархи чиптаи бозии дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол” то ба 3 ҳазор сомонӣ расида буд.

“Бинобар ин сабаб Роналдуро роҳбарияти тим истироҳат додаанд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” ба Душанбе намеояд. Ҳамин тавр, бо наомадани Роналду орзуи мухлисони зиёди футболи тоҷик, ки хостгори аз наздик дидани бозии ӯро доштанд, ҷомаи амал напӯшид”, – навишта буд ТВ “Варзиш”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.