Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1929 – Бо қарори Бюрои сиёсӣ ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба Ҳизби коммунистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳизби навтаъсис аз 7 ташкилоти ҳизбии ноҳиявӣ иборат буд: Сталиниобод, Ғарм, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд, инчунин ташкилоти ҳизбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Соли 1974 – Роҳи оҳан дар самти Душанбе-Тирмиз-Қурғонтеппа ифтитоҳ шуд.

Соли 2008 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро, ки пас аз сӯхтор таъмиру бозсозӣ шуд, ба истифода дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2008 – Беморхонаи низомӣ барои хизматчиёни Гвардияи миллӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2014 – Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи амният”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” ба имзо расиданд.

Соли 2019 – Дар Душанбе ҷашнвораи синамои миллӣ бо номи “Лолаи тиллоӣ” баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Ӯктам Бобоев, муаррих ва бостоншиноси тоҷик.

Соли 1956 – Зодрӯзи Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва илм, раиси пешини Кумитаи телевизион ва радио.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуриддин Саид

Нуриддин Саид, ки ахиран раиси Кумитаи телевизион ва радио буд, моҳи январи имсол ба нафақа рафт. Ӯ қаблан дар идороти гуногуни кишвар дар вазифаҳои баланд кор кардааст. Аз ҷумла соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва солҳои 2008-2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъди беш аз 8 соли вазири маориф ва илм будан (2012-2020) дар моҳи январи соли 2020 раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд ва то соли 2025 дар ин вазифа буд.

Нуриддин Саид соли 1983 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1983-1993 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав ва солҳои 1988-1991 ва солҳои 1993-2006 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун дотсент кор кардааст.

Ду соли баъдии то ректор таъин шуданаш, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон буд.

Ӯ дар давоми фаъолияташ дар ин ниҳодҳо бо иқдому баёнияҳои аҷибаш дар матбуот ва расонаҳо шӯҳрат дошт. Дар ин бора муфассал дар ин матлаб хонед: Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?

Соли 1959 – Мавлуди Толибхон Азимзода, ҳуқуқшинос, вакили пешини парлумон.

Соли 1960 – Мавлуди Баҳринисо Қобилова, олим, муаррих ва мусиқишиноси тоҷик.

Соли 1992 – Холиқ Мирзозода, адабиётшинос, мунаққид ва доктори илми филология дар синни 81 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Холиқ Мирзозода

Мирзозода яке аз адабиётшиносони барҷастаи тоҷик буда, пиромуни масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, давраҳои адабиёт, назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, эҷодиёти адибони ҷудогона, таърихи адабиёт ва ғайра беш аз чорсад асару мақола, очерку тақриз навиштааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошад.

Холиқ Мирзозода дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, фаъолияти худро дар  Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко (Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз намудааст.

Солҳои 1940-1946 муаллими Техникуми духтаронаи Душанбе буд. Холиқ Мирзозода соли 1947 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко таъйин гардид ва қариб чил сол дар ин вазифа фаъолият бурд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳар сол, 25-уми ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат нисбат ба занон таҷлил мегардад. Ин сана бо қарори махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 17-уми декабри соли 1999 муайян шудааст ва мақсади он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи паёмадҳои ҷиддии зӯроварӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

СММ аз ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ даъват мекунад, ки дар ин рӯз дар робита ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон чорабиниҳои иттилоотӣ, маърака ва барномаҳои маърифатӣ роҳандозӣ намоянд.

Асоси таъини ин рӯз ҳодисаи фоҷиабори соли 1960 дар Ҷумҳурии Доминикан буд. Бо амри президенти ин кишвар Рафаэл Трухилио, се хоҳари Мирабал, ки фаъолони сиёсӣ ва муборизони ҳуқуқ буданд, ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Онҳо ба рамзи мубориза бар зидди худкомагӣ ва зӯроварӣ табдил ёфтанд.

25-уми ноябри соли 1918 дар таърихи ҷаҳон ҳамчун рӯзи таъйини аввалин сафири зан дар арсаи дипломатияи байналмилалӣ сабт шудааст. Дар ҳамин рӯз Розика Швиммер, яке аз занҳои фаъоли Маҷористон ба ҳайси сафири кишвараш дар Швейтсария таъйин гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Швиммер зани босавод, сиёсатшиноси чирадаст будааст. Ӯ дар оғози асри XX барои ҳуқуқи занон, ҳимояти кӯдакон ва сулҳи ҷаҳонӣ фаъолона мубориза мебурд. Дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон фаъолияти густурдаи зиддиҷангӣ дошт ва бо сабаби мавқеи оштиҷӯёна маҷбур шуд Австро-Венгрияро тарк кунад.

Рӯзи 25-уми ноябри соли 1867 Алфред Нобел, ихтироъкори шведӣ, химик ва муҳандиси машҳур барои моддаи таркандаи динамит иҷозатнома (патент) гирифт.

Динамит яке аз ихтироотест, ки дар рушди сохтмон, кандани нақбҳо, истихроҷи маъдан ва корҳои муҳандисӣ таъсири калон расонид. Нобел пас аз омӯзиши амиқи хусусиятҳои нитроглисерин, тавонист маводи устувору идорашавандаро эҷод кунад, ки ба бехатарии кор ва самаранокии таркиш инқилоб ворид намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 10+15º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 21-23º сард, рӯзона -1+4º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...