Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардумро пеш гузошт

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба мақомот дастур додааст, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг кардани онҳо бо шабакаҳои барқии кишварро омӯзанд.

Маҷлиси ҳукумат дирӯз, 25-уми ноябр доир шуда, дар он, ҳамчунин, таъкид шудааст, ки “фарҳанги истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад”.

Дар маҷлис «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардидааст, ки ба навиштаи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, он бо мақсади “таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад таҳия гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалӣ кардани барномаи мазкур, аз ҷумла, дар назар аст, ки содироти барқ ба 5 млрд.киловат соат расонида мешавад.

Ҳамчунин,  гуфта мешавад, ин барнома то ба 3% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ ва то 9% расондани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқро пешбинӣ мекунад.

Дар идомаи маҷлиси ҳукумат лоиҳаи чанд қонун ва барномаҳои давлатӣ муҳокима гардидааст.

Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба иттилои хадамоти матбуотӣ, “ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст”, дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ гардид.

Дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи ин қонун ҳамроҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Ҳамчунин, дар ҷаласа, барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, рушди содироти Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, муҳокима гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...