Дар Эрон моҳномае дар бораи Тоҷикистон ва адибони шинохтаи тоҷик ба чоп расид

Дуюмин шумораи моҳномаи фарҳангӣ – иттилоотии “ЭКО-нома” бо хатти форсӣ дар Эрон ба нашр расид, ки қисмати вижаи он ба адабиёти муосири Тоҷикистон ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии минтақа бахшида шудааст. Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Муассисаи фарҳангии ЭКО (ECI) ба “Азия-Плюс” хабар дод. “Дар ин шумора хонандагон бо мақолаҳое, ки ба фарҳангу ҳунари […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дуюмин шумораи моҳномаи фарҳангӣ – иттилоотии “ЭКО-нома” бо хатти форсӣ дар Эрон ба нашр расид, ки қисмати вижаи он ба адабиёти муосири Тоҷикистон ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии минтақа бахшида шудааст. Дар ин бора Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси Муассисаи фарҳангии ЭКО (ECI) ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Дар ин шумора хонандагон бо мақолаҳое, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ихтисос ёфтааст, аз ҷумла “Қофиласолори адабиёти Тоҷикистон” (Зиндагӣ ва осори устод Айнӣ), “Парчамдори шеъри Тоҷикистон” (Мирзо Турсунзода), “Пешгоми насрнависони тоҷик” (Сотим Улуғзода), зиндагӣ ва осори Қамбархон ва Муаззамхони  Хуҷандӣ, Мирсаид Миршакар ва Гулчеҳра Сулаймонӣ ошно мешаванд”, – гӯфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ таъкид карданд, “ахборе аз Тоҷикистон – баргузории Симпозиюми байналмилалии бузургдошти Ибни Сино дар Душанбе, чопи китоби “Робиаи Балхӣ дар оинаи адабиёти дарӣ” ва дигар навиштаҳо дар бораи Тоҷикистону тоҷикон зиннатбахши ин шумора аст”.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар ин шумора Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар моҳномаи мазкур мусоҳиба бо доктор Меҳрдоди Рахшанда – сарпарасти ЭКО дар бораи барномаҳо, дурнамо ва ибтикорҳои нави ин ниҳоди фарҳангӣ ҷой шудааст.

Моҳнома дар шакли PDF ва китобчаи рақамӣ (диҷитолӣ) барои ҳамаи дӯстдорони фарҳанг ва муҳаққиқон дастрас аст.

Бояд гуфт, ки ЭКО ташкилоти байнидавлатии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Осиё буда, соли 1963 дар Теҳрон аз тарафи раҳбарони Эрон, Покистон ва Туркия таъсис дода шудааст. Ҳоло ЭКО 10 кишвари узв дорад: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбакистон.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар ҳам дар Эрон шумораи №8-и маҷаллаи “Самарқанд” дар 720 саҳифаба рӯзгор ва осори Фарзона Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Шумораи дигари ин маҷалла ҳам ба бузургдошти устод Садриддин Айнӣ эҳдо гашта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.