Панҷ сол зиндони як зан бо гуноҳи ба худкушӣ расонидани ноболиғи 16-сола

Азиза Устобобоева, як сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, дӯстдоштаи писараш ба 5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, навиштааст, ки ҳукмро додгоҳи ноҳия рӯзи 20-уми ноябр содир кард. "Устобобоеваро ҳафтаи гузашта аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ бурданд. Вай то он замон дар озодӣ буд”, […]

Asia-Plus

Азиза Устобобоева, як сокини ноҳияи Спитаменро бо гуноҳи ба марг расондани Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-сола, дӯстдоштаи писараш ба 5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кардаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дода, навиштааст, ки ҳукмро додгоҳи ноҳия рӯзи 20-уми ноябр содир кард.

"Устобобоеваро ҳафтаи гузашта аз толори додгоҳ ба боздоштгоҳ бурданд. Вай то он замон дар озодӣ буд”, – гуфтааст манобеи ин расона.

Маълум нест, худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфтааст. Пайвандон, аз ҷумла бародару фарзандонаш нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд. Ин зан вакили мудофеъ ҳам надоштааст.

Ҷониби даъвогар, хонаводаи Тоҷибоевҳо, гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфтаанд, ки ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва агар ҷонибҳо шикоят кунанд, эҳтимол он вақт бозбинӣ гардад.

Баҳси ду оила аз он ҷо сар зад, ки моҳи июни имсол тани беҷону овезони Суғдиёна Тоҷибоеваро аз оғил ёфтанд. Ӯ дар синфи 9-ум мехонд ва ба қавли наздиконаш “ҳамон рӯз бояд дар мактаб имтиҳон месупурд”.

Наздикони Суғдиёна аз он сабаб модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ гунаҳкор медонанд, ки гуё ӯ чанд рӯз пеш аз худкушӣ наврасро истинтоқ карда, ба навор гирифтааст.

Аз ҷумла, модараш, Гулойим Тоҷибоева, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: "Чаро ба писари ман навиштӣ, чаро бо писарам ишқварзӣ мекунӣ, ман туро шарманда мекунам, ба прокуратура менависам гуфта доду вой кардааст. Духтари ман тарсидааст. Духтар худашро беҳуда меовехтагӣ набуд. Хондан мехост, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид ва худро овехтан дар хаёлаш ҳам набуд."

Дар ҳоле ки мақомот ва пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева ин занро барои ба худовезӣ расондани духтари наврас гунаҳкор донистаанд, худи ӯ пештар дар суҳбати бидуни микрофон ин расона гуфта буд, вазъият он тавре нест, ки даъвогарон тасвир мекунад. Вай гуфта буд, танҳо мехост, аз оқибатҳои эҳтимолии ногуворе, ки дар пайи ошиқии писараш бо духтари наврас пеш биояд, ҷилавгирӣ намояд.

Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024-ум 259 зану духтар худкушӣ ё қасд ба ҷони худ кардаанд. Дар байни онҳо ноболиғон низ ҳастанд. Равоншиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро беэътиноии волидон ба эҳсоси наврасон ва надонистани тарзи муомила бо онҳо дар айёми ҳассоси зиндагӣ медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.