Муаррифии имконоти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”

Asia-Plus

Тоҷикистон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”, ки дар шаҳри Тошканд аз 27 то 29 ноябр баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳ зиёда аз 300 ширкати машғули кор дар ин соҳа аз 30 давлати саросари дунё ширкат меварзанд.

Ба ҳайати Тоҷикистон раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагни сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, иттиҳодия ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишхонаву дармонгоҳ ва Иттифоқи санъаткорони Тоҷикистон, инчунин шарикони рушд шомиланд.

Платформаи намоишгоҳ ба ширкату созмонҳои сайёҳӣ ҷиҳати пешниҳоди хидматрасониҳои худ  ба бозори сайёҳии ҷаҳон имкон фароҳам меорад.

“Ширкатҳои миллии Тоҷикистон таҷрибаи ғании сайёҳӣ дар ҷумуҳрии моро муаррифӣ намуданд. Дар гӯшаиТоҷикистон афзалиятҳои рақобатпазири кишвар, аз ҷумла имконоти бойи табиӣ, сайёҳии тиббӣ ва солимӣ, экологӣ, варзишӣ ва кӯҳӣ, инчунин фарҳанги нодири мардуми тоҷик намоиш дода шуданд”, – гуфтанд дар Кумита.

Дар доираи кори намоишгоҳ форуми сайёҳӣ мегузарад, ки дар он раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар бораи имконоти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ изҳори назар кард.

Ғайр аз ин, вохӯрии раиси Кумита бо намояндагони ИДМ ва мақомоти сайёҳии кишварҳои шарик доир гардида, зимни вохӯриҳо дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳо дар қолаби “В2В” ҳайати Тоҷикистон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.