Муаррифии имконоти Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”

Тоҷикистон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”, ки дар шаҳри Тошканд аз 27 то 29 ноябр баргузор мешавад, иштирок мекунад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳ зиёда аз 300 ширкати машғули кор дар ин соҳа аз 30 давлати саросари дунё ширкат меварзанд. Ба ҳайати Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Тоҷикистон дар Намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалии “Сайёҳӣ дар Шоҳроҳи абрешим”, ки дар шаҳри Тошканд аз 27 то 29 ноябр баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳ зиёда аз 300 ширкати машғули кор дар ин соҳа аз 30 давлати саросари дунё ширкат меварзанд.

Ба ҳайати Тоҷикистон раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагни сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, иттиҳодия ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишхонаву дармонгоҳ ва Иттифоқи санъаткорони Тоҷикистон, инчунин шарикони рушд шомиланд.

Платформаи намоишгоҳ ба ширкату созмонҳои сайёҳӣ ҷиҳати пешниҳоди хидматрасониҳои худ  ба бозори сайёҳии ҷаҳон имкон фароҳам меорад.

“Ширкатҳои миллии Тоҷикистон таҷрибаи ғании сайёҳӣ дар ҷумуҳрии моро муаррифӣ намуданд. Дар гӯшаиТоҷикистон афзалиятҳои рақобатпазири кишвар, аз ҷумла имконоти бойи табиӣ, сайёҳии тиббӣ ва солимӣ, экологӣ, варзишӣ ва кӯҳӣ, инчунин фарҳанги нодири мардуми тоҷик намоиш дода шуданд”, – гуфтанд дар Кумита.

Дар доираи кори намоишгоҳ форуми сайёҳӣ мегузарад, ки дар он раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар бораи имконоти сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ изҳори назар кард.

Ғайр аз ин, вохӯрии раиси Кумита бо намояндагони ИДМ ва мақомоти сайёҳии кишварҳои шарик доир гардида, зимни вохӯриҳо дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни дидору гуфтушунидҳо дар қолаби “В2В” ҳайати Тоҷикистон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.