Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 ноябри соли 2025

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз дар Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ оғоз мегардад. Дар ин мусобиқот 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Мусобиқот то 30-юми ноябр идома карда, наздики 400 варзишгар аз 52 кишвар ширкат мекунанд. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 […]

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Абузабӣ оғоз мегардад. Дар ин мусобиқот 9 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Мусобиқот то 30-юми ноябр идома карда, наздики 400 варзишгар аз 52 кишвар ширкат мекунанд. Барандаҳои медалҳои тиллои ин мусобиқот соҳиби 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоиза ба даст меоранд.

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи "Дракула" ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта аз 50 то 80 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1947 – Аввалин шумораи рӯзномаи “Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон”  нашр шуд.

Соли 2007 – Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи “Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” қабул гардид.

Соли 2010 – Дар ноҳияи Данғара маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” баргузор шуд.

Соли 2016 – Қисми аввали роҳи оҳани фаромиллии “Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон” ба истифода дода шуд.

Соли 2022 – Вазорати нақлиёти мамлакат бо "China Railway Wuju (Group)" барои сохтмони чор қитъаи роҳи мошингард дар шимоли Тоҷикистон қарордод ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1954 – Мавлуди Равшан Раҳмонӣ, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик.

Равшан Раҳмонӣ фолклоршинос, адабиётшинос ва муҳаққиқи  фарҳанги мардуми форсизабон буда, аз оғози фаъолияти илмиаш ба омӯзиш, таҳқиқ ва ҳифзи мероси адабӣ ва этнографии тоҷикон ва ҳамзабонони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон машғул аст.

Ӯ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, баъди хатм дар матбуоту радио фаъолияти худро оғоз кард ва сипас ба кори омӯзгорӣ ва илмӣ гузашт. Солҳои 1981-1985 дар Донишгоҳи Кобул фаъолият карда, дар баробари иҷрои вазифааш аз байни тоҷикистониён ва ҳамзабонони Афғонистон садҳо ҳикоя, афсона, ривоят ва маводи нодири фолклориро ҷамъ овард. Маҳз дар ҳамин давра, бо ҳамкории профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ, китоби “Тоҷикон”-и Б. Ғафуровро аз алифбои кириллӣ ба алифбои форсӣ баргардонд, ки ин иқдом барои худшиносии тоҷикони Афғонистон аҳамияти бузург дошт.

Равшан Раҳмонӣ дар ДМТ аз омӯзгор то профессори ин боргоҳи илм расид. Солҳои тӯлонӣ роҳбарии Пажӯҳишгоҳи “Мардумшиносӣ”-ро ба уҳда дошт ва бунёдгузори гоҳномаи мардумшиносии “Мардумгиёҳ” аст.

Раҳмонӣ соли 2006 сардабири маҷаллаи “Пайванд” таъин шуд.

Соли 1970 – Зодрӯзи Қутбиддин Мухторӣ, рӯзноманигор, доктори илмҳои филология.

Қутбиддин Мухторӣ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва курси дусолаи Донишгоҳи Стокҳолм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.

Ӯ аз соли 1998 то соли 2024, лаҳзаи маргаш дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорни ҷавон дарс мегуфт. Мухторӣ ҳамчун яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта мешуд.

Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ ва солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот буд. Аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.

Қутбиддин Мухторӣ 7-уми феврали соли 2024 дар 54-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола ,28-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии раҳмдилӣ ва меҳрубонӣ таҷлил мешавад. Ҳадафи асосии ин рӯз густариши хисоли накӯи инсонӣ ва раҳмдилӣ буда, муҳим будани ҳар мавҷуди зинда – инсон, ҳайвон ва растаниро ёдовар ва зиён нарасониданро таъкид мекунад.

Ташаббускорони ин ҷашн таъкид мекунанд, ки ҳадафи ин рӯз танҳо тарғиби некӣ набуда, муқобилият дар рӯбарӯи бадӣ низ ҳаст. Аммо ин мубориза бояд ҳадафи душманона ва ғаразнок бояд надошта бошад.

28-уми ноябри соли 1943 дар шаҳри Теҳрон конфронси “Сегонаи бузург” баргузор шуд. Дар он  Иосиф Сталин, Уинстон Черчилл, Франклин Рузвелт, роҳбарони се давлати абарқудрати ҷаҳон, Иттиҳоди Шуравӣ, Бритониё ва Амрико гирд омаданд.

Ҳадафи асосии мулоқот таҳияи стратегияи ниҳоии мубориза алайҳи Олмон ва кишварҳои муттаҳиди он буд. Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои муҳиме чун тақсими вазифаҳо дар ҷабҳаҳои ҷанг, таъмини амнияти баъдиҷангӣ ва ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои иттифоқчӣ баррасӣ гардиданд.

Дар поёни конфронс, рӯзи 1-уми декабр Эъломияи амалҳои муштарак дар ҷанг бар зидди Олмон ва изҳороти ҳамкории пас аз ҷанг қабул гардид. Яке аз қарорҳои калидӣ дар ин мулоқот, созиш дар бораи кушодани Фронти дуюм дар Аврупо дар моҳи майи соли 1944 буд. Ин иқдом дар шикасти ниҳоии Олмони фашистӣ нақши ҳалкунанда бозид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғӯ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 15+20º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.