Ҷазои қариб 200 фурӯшанда барои гарон фурӯхтани гӯшт дар Душанбе

Asia-Plus

Дар се рӯзи охир, аз 27 то 29-уми ноябр пулиси Душанбе дар пайи чанд санҷиш 160 фурӯшандаи бозорҳои пойтахтро бо гумони гарон фурӯхтани гӯшт ҷарима кардаанд.

Мақомот мегӯянд, бо мақсади ба танзим овардани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан гӯшт, аз ҷониби пулиси Душанбе ва Додситонии пойтахт гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар бозорҳои "Меҳргон", "Фаровон", "Саховат", "Ховарон" ва дӯкону марказҳои савдои шаҳр бо тоҷрирон суҳбат мегузаронанд.

Аз ҷумла, имрӯз, 29-уми ноябр Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт навишт, ки давоми чанд рӯз, дар якҷоягӣ бо додситонӣ 120 фурӯшандаро бар асоси моддаҳои 627 (фиреби истеъмолкунандагон) ва моддаи 555 (худсарона баланд бардоштани нархи махсулот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд.

Миқдори ҷаримаи онҳо мушаххас нест, вале моддаи 627 -и КҲМ аз 7500 сомонӣ (100 то 200 нишондиҳанда) ва моддаи 555 аз 3750 сомонӣ (50 нишондиҳанда) бештар ҷарима пешбинӣ мекунад.

Мақомот гуфтаанд, ҳамчунин дар пайи санҷиши худ ҳолатҳои зиёди худсарона боло бурдани нархи озуқавориро ошкор карда, барои ислоҳи ин вазъ ба соҳибкорон огоҳии қатъӣ додаанд.

Пеш аз ин дар рӯзи 27-уми ноябр ин ниҳод хабар дода буд, дар пайи як санҷиш дар бозорҳои пойтахт, 40 фурӯшандаро бо гумони аз меъёр гарон фурӯхтани гӯшт ҷазо додаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамаи онҳо барои фиреби истеъмолкунандагон ва худсарона баланд бардоштани нархи махсулот ҷарима шудаанд. Миқдори ҷаримаи онҳо мушаххас нест, вале моддаи 627 -и КҲМ аз 7500 сомонӣ (100 то 200 нишондиҳанда) ва моддаи 555 аз 3750 сомонӣ (50 нишондиҳанда) бештар ҷарима пешбинӣ мекунад.

Назари гӯштфурӯшон дар ин бора маълум нест.

Пулиси Душанбе дар робита ба ин, аз тоҷирон даъват кардааст, ки нархи маҳсулотро худсарона баланд набардоранд.

Солҳои пеш, махсусан дар арафаҳои идҳои Рамазон ва Қурбон мақомот фурӯшандаҳоро барои қимат кардани нархи гӯшт ҷарима мекарданд.

Бояд гуфт, ки нархи гӯшт дар Тоҷикистон чанд сол аст мунтазам боло меравад. Бино ба маълумоти омори расмӣ, тайи як соли ахир гӯшти гов дар бозорҳои кишвар ба андозаи 12,6% ва гӯшти гӯсфанд – 14,3% боло рафт.

Айни замон 1 кг гӯшти гови устухондори истеҳсоли маҳаллӣ 100 сомонӣ нарх дошта, арзиши 1 кг гӯшти гови лаҳм то ба 145 сомонӣ мерасад.

Талаботи аҳолии Тоҷикистон ба гӯшт айни замон тақрибан 380-385 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Ҳатто бо назардошти афзоиши истеҳсол, ҳаҷми умумии гӯшти “тоза” (баъди забҳ, бе устухон ва бе вазни зинда) ҳудуди 235-240 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...