Платформаи дипломатии муҳоҷират дар Тоҷикистон. Чӣ платформа аст ва кадом мушкилоти муҳоҷиратро баррасӣ мекунад?

Маводи шарикӣ

Дар Тоҷикистон платформаи муколамавӣ барои баррасии масоили фароҳамории имконоти нав ва муҳоҷирати бехатар барои шаҳрвандони кишвар фаъол шудааст.

Ҷаласаҳои ин платформа аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) баргузор мешаванд.

Дар ин нишастҳо шарикони рушд, мутахассисони соҳа ва намояндагон аз сафоратхонаҳои кишварҳое, ки қабулкунандаи муҳоҷирони корӣ, ширкат меварзанд. Платформаи мазкур бо дастгирии Лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир” фаъол шудааст. Зимни баррасии масоили муҳоҷират дар ин платформа бартарият ба инъкос ва муҳокимаи барномаҳои муҳоҷиратие дода мешавад, ки дар он ҳуқуқ ва бехатарии муҳоҷирон  тибқи қонунгузории кишварҳо риоя ва ҳифз мешаванд.

Дар доираи ин платформа барои устувории иқтисодиёт ва беҳбудии вазъи иҷтимоии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии норасоии мутахассисон ва мутобиқсозии қувваи корӣ ба талаботҳои байналмилалӣ, таъмини муҳоҷирати бехатар, густариш ва гуногунсозии равандҳои муҳоҷират барои муҳоҷирони тоҷик баррасӣ мешавад. Ин платформа имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои муҳоҷирати мунтазам ва бехатар ё ташаббусҳои ба ин монанд, ки дар марҳилаи таҳия қарор доранд баррасӣ шуда, барои дарёфти имкониятҳои нав ва гуногунсозии барномаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима ва мубодилаи таҷриба сурат гирад.

Дар ин платформа Барномаи коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир, ки дар доираи он лоиҳаи минтақавии “Муҳоҷирати бехатари кормандони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир” таҳия шудаву аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, ҳамчун намуна барои рушди роҳҳои мунтазам ва идорашавандаи муҳоҷират пешниҳод мешавад.

Дар доираи Лоиҳаи зикршуда шаҳрвандоне, ки барои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир фиристода мешаванд, омодагии пеш аз сафарро мегузаранд ва дар бораи он маълумоти муфассал мегиранд. Барои муҳоҷирони эҳтимолӣ хидматҳо ва омӯзишҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

– дастгирии иттилоотӣ ва омода кардани муҳоҷирони меҳнатии мавсимии эҳтимолӣ барои сафар ба Британии Кабир;

– машваратҳои онлайнӣ доир ба Барномаи коргарони мавсимӣ ба Британияи Кабир ба муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ, тавассути рақами хатти оҷили 900 800 800;

– баланд бардоштани сатҳи огоҳии муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар ба Британияи Кабир;

– огоҳкунии шаҳрвандон дар бораи Барномаи коргарони мавсимӣ ба Британияи Кабир ва хатари қаллобии онлайнӣ тавассути радио, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ.

– баргузории ҷамъомадҳои иттилоотӣ барои сокинони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати бехатар ба Британияи Кабир дар доираи Барномаи коргарони мавсимӣ ва хатарҳои қаллобии онлайнӣ ҳангоми ҷӯстуҷӯи кор дар хориҷи кишвар дар фазои Интернет.

Платформа соли ҷорӣ аллакай се ҷаласаро барои муҳокимаи мавзуъҳои дар боло зикршуда, баргузор кард. Ҷаласаи охирон, ки дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Корея  ташкил шуда буд, ба муҳокимаи таҷрибаҳои ин кишвар дар самти ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ равона шуда буд.

Бо фаъол кардани ин платформа Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  кишвар ва Созмони байналмилалии муҳоҷират нақша доранд, ки ҳамкориро бо сафоратхонаҳо ва шарикони рушд мустаҳкам карда, барномаҳои соҳавиро рушд диҳанд. Ҳамчунин,  вақти таҳия ва дастгирии лоиҳаҳо аз ҷониби маблағгузорон ба муҳоҷирати бехатар афзалият дода шавад. Аз ҷумла, барои беҳтар кардани таълимоти амалӣ дар тамоми марҳилаҳои давраи муҳоҷират — аз омодагӣ ба сафар то бозгашти муваффақ, бештар кардани огоҳии мардум вобаста ба вазъияти муҳоҷирати имрӯза ва имконоти нав. 

Платформа ҳамчун як механизми муҳим барои ҳамоҳангсозии тамоми фаъолиятҳо дар самти муҳоҷират дар кишвар, барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкониятҳои нави муҳоҷирати бехатар ва қонуниро дар доираи фаъолияти худ таъмин менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...