Ҳамлаи як гург ба ду чӯпони маҳаллӣ дар Суғд

Asia-Plus

Як гург ба ду чӯпони маҳаллӣ дар ноҳияи Деваштич ҳамла карда, онҳоро захмӣ кардааст. Онҳо дар Беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мебошанд. Ҳодиса 28-уми ноябр дар саҳро рӯх дода, захмиён Айниддин Тоҷибоев ва Хурсандмурод Олимов, сокинони деҳаи Қалъаи дӯсти ҷамоати деҳоти Ваҳдат мебошанд.

 

“Хостам гургро аз наздик бинам”

Айниддин Тоҷибоев, яке аз ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ҳангоми чаронидани гусфандон дар саҳро гургро дида, ба сӯи ӯ рафт.

“Ҳисси кунҷковиям боло гирифту тарафи гург рафтам то аз наздик бубинам. Нишаста ба гург нигоҳ мекардам, ки якбора гург ҳамла кард. Аз тарс бо коррди дастам, ба бадани гург чанд корд задам”, – нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи Тоҷибоев, дар ин ҳолат шарикаш Хурсандмурод Олимов ба кӯмак шитофт, аммо гург ӯро низ захмӣ кард.

Бо вуҷуди захмӣ шудан, онҳо бо истифода аз корд ва асои чупонӣ гургро куштаанд.

Айниддин Тоҷибоев мегӯяд, давоми 10 соли чӯпонӣ бори аввал бо гург рӯ ба рӯ шудааст.

Солеҳ Авзалзода, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфт, Айниддин Тоҷибоев ва Хурсандмурод Олимов бо ҷароҳатҳои вазнин дар рӯй, пешонӣ ва даст дар беморхона бистарӣ шуданд.

“Вазъи саломатии Айниддин Тоҷибоев вазнинтар буд ва ӯро дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷо кардем. Ҳарду дар як вақт муроҷиат карданд ва осори захми дарранда ҷой дошт”, – гуфт ӯ.

Табиб зикр кард, ки ба беморон сӯзандору ва мояи зиддиҳорӣ гузаронида шудааст ва давоми се рӯзи табобат беҳбудӣ дида мешавад.

Ин ҳодисаи дуюми ҳамлаи гург ба сокинон ва чорвои онҳо дар даҳаи охири моҳи ноябр дар ноҳияи Деваштич аст. Рӯзи 22-юми ноябр гург беш аз 10 чорвои сокинони деҳаи Басмандаро кушта, чанд чорвои дигарро захмӣ карда буд.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба аҳолӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳамасола аз ҳамлаи хирсу гург даҳҳо нафар захмӣ ва ё кушта мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 ду зан дар ноҳияи Шуғнон дар пайи ҳамлаи гурон кушта шуда буданд.

Ҳайвоноти ваҳшӣ, ҳамчунин, ба сокинони минтақҳои кӯҳии кишвар низ ҳамла карда, онҳоро захмӣ ва гоҳо ба ҳалокат расонида буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...