Чаҳоряки хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои сӯзишворӣ ва энергетика равона мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ният дорад, маблағгузорӣ ба бахши энергетикӣ ва сӯзишвории кишварро дар соли оянда қариб 80% зиёд кунад. Дар ин бора дар лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2026”, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, зикр шудааст.

Дар матни лоиҳаи қонун гуфта мешавад, соли 2026 ҳудуди 15 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд доллар) ҷиҳати маблағгузорӣ ба бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ равона мешавад. Маблағи зикршуда 22,4% аз хароҷоти умумии буҷетро дар соли оянда ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети кишвар ба маблағи ҳудуди 67 млрд сомонӣ (7,2 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 90%-и маблағи буҷет, ки ба бахши сӯзишворӣ ва энергетикӣ равона мешавад, барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сарф карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маблағгузории соҳаҳои калидии иҷтимоӣ аз буҷет дар соли 2026 ба тариқи зайл тарҳрезӣ шудааст:

– маориф – 13,7 млрд сомонӣ;

– тандурустӣ – 5 млрд сомонӣ;

– суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 8,5 млрд сомонӣ.

 

Даромадҳо қариб аз се як ҳисса зиёд мешаванд

Қисми даромади буҷетии давлатии соли 2026 зиёда аз 65 млрд сомонӣ (ҳудуди 7 млрд доллар) ӣа нақша гирифта шудааст, ки 31% зиёдтар нисбат ба даромади муқарраршудаи буҷети соли равон аст.

Дар лоиҳаи буҷети давлатии соли оянда воридоти маблағ ба буҷет аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

 

Касри буҷет аз кадом ҳисоб рӯйпӯш мешавад

Пешниҳод шудааст, ки андозаи ҳадди ниҳоии касри буҷети давлатии соли 2026 дар ҳаҷми 1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – наздик ба 2 млрд сомонӣ муқаррар карда шавад.

Рӯйпӯш кардани нисфи касри буҷет аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, яъне ҷалби қарзи дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои рӯйпӯш сохтани нисфи боқимондаи касри буҷет истифодаи сарчмашмаҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

– хусусигардонӣ ва иҷораи молу мулки ҷумҳуриявӣ – 60 млн сомонӣ;

– маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати то 1-уми январи соли 2026 – 10 млн сомонӣ;

– грант ва қарзҳои созмонҳои молиявии байнулмилалӣ бо назардошти бақияи солҳои пешин – 76,4 млн сомонӣ;

– сарфаи маблағ аз тендерҳои хариди давлатӣ – 50 млн сомонӣ;

– барзиёд иҷро шудани нақшаи даромадҳо ва маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 – 70,2 млн сомонӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...