Кабки зирак – парандаи соли 2026 дар Тоҷикистон. Ин чӣ паранда аст?

Asia-Plus

Кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) расман ҳамчун "Парандаи сол – 2026" дар Тоҷикистон интихоб шуд. Овоздиҳии солона дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Зистшиносон бар он назаранд, ки интихоби ин намуди паранда бояд ба мавҷудоти нодири минтақаҳои биёбонии кишвар ва мушкилоти ҳифзи онҳо таваҷҷуҳ ҷалб кунад.

Кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) – паррандаи эҳтиёткор ва пинҳонкор аз хонаводаи фазанҳо буда, дар манотиқи хушку биёбонии Осиёи Миёна васеъ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон он ба таври пароканда асосан дар ноҳияҳои биёбониву нимбиёбонии ҷанубу ғарби кишвар вомехӯрад. Маълумоти дақиқ оид ба шуморааш вуҷуд надорад — ҳисобҳо мунтазам гузаронда намешаванд, аммо гуфта мешавад, ки шумораи онҳо сол аз сол коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, шомил намудани кабки биёбонӣ ба маъракаи миллӣ оид ба ҳифзи табиат қадами муҳим мебошад.

 

Кабки биёбонӣ, паррандаи хурд, ҷамъшуда бо сохтори бадани фишурда мебошад. Дарозияш ба 30–35 см мерасад ва вазни он одатан аз 300–450 грамм зиёд намешавад.

Ранги парҳо асосан регмонанд ё хокистариву қаҳваранг буда, барои манзараҳои биёбонӣ, ниқоби табиии аъло ба ҳисоб меравад. Дар сари парранда хатҳои борики торик ва қисмҳои равшан ба назар мерасанд, ки ба фарқ кардани он аз дигар намудҳои кабкҳо мусоидат мекунад.

Болҳои кабки биёбонӣ кӯтоҳ ва мудаввар буда, онро давандаи хеле моҳир мегардонанд: дар ҳолати хатар он метавонад парвоз накарда, бо суръат байни сангҳо ва буттазорҳо пинҳон шавад. Овозаш – баланди нест, пасту ларзон мебошадд, ки субҳи барвақт хуб шунида мешавад.

Дар Тоҷикистон ин намуд дар минтақаҳои биёбониву нимбиёбонӣ дар ҳамворӣ, доманакӯҳҳо ва минтақаҳои ҳамвори санглох вомехӯрад. Парранда буттазори пароканда, байни алафҳои хушк ва чуқуриҳои на он қадар амиқ, сангҳо ва кӯчакҳо афзал медонад.

Кабки биёбонӣ аз зироатҳои зич ва минтақаҳои намнок канорагирӣ менамояд. Он ноҳияҳои душвортудар ва камодамро маскун мекунад, ки аз як тараф хатари таъсири бевоситаи инсонро кам мекунад, аммо аз ҷониби дигар мониторинги шумораашро душвор мегардонад.

Ғизои кабк ба тухмии растаниҳои даштӣ ва биёбонӣ, навдаҳои ҷавон, баргҳо ва меваҳо дохил мешавад. Дар баҳор он фурӯбарандаи фаъоли ҳашароти хурд — мӯрчаҳо, чириқҳо мебошад, ки ин ба таъмин кардани чӯҷаҳо бо ғизои сафедагӣ мусоидат мекунад.

Дар тобистон ва тирамоҳ асоси ғизояшро тухмиҳо ва боқимондаҳои ғалладонаи хушк ташкил медиҳанд.

Парранда метавонад барои муддати тӯлонӣ бе об тоб орад, зеро намии заруриро аз растаниҳо ва ҳашароти хӯрокӣ мегирад. Чунин мутобиқшавӣ ба он имкон медиҳад, ки дар шароити гарми шадид ва хушксолӣ зинда монад.

Фарқи кабки зирак аз кабки кӯҳӣ

Кабки кӯҳӣ паррандаи хеле калонтару рангинтар аст. Дар сари он ниқоби барҷастаи сиёҳ, чанголи сурх, паҳлӯҳои рахдор ва нақши парҳо ба назар мерасанд. Он дар кӯҳҳо, доманаҳо ва резишҳои сангӣ дар баландии аз 800 то 3000 метр зиндагӣ мекунад.

Кабки биёбонӣ, баръакс, дар минтақаҳои пасту камнамноки хушк зиндагӣ мекунад, ранги он хеле оддӣ ва аз лиҳози андоза хурдтар аст. Агар кабки кӯҳӣ аксар вақт дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин ва ҳатто дар роҳҳои саҳроӣ вомехӯрад, кабки биёбонӣ дар ҷойҳои то ҳадди имкон дур аз одамон ва беодамро авло медонад.

Садои кабки дарӣ ва кабки биёбонӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Кабки дарӣ овози баланд мебарорад ва наринаи он субҳ ва шом садо медиҳад. Дар баҳор ҷуфтҳои кабки дарӣ оҳангҳои паст мехонанд, аммо дар давраи тухмгузорӣ ва парвариши насл хомӯш мешаванд.

Кабки зирак овози пасттар мебарорад, ки онро метавон бо "чил-чил" ифода кард. Баъзан овози ин паррандагон ба "фит-фит"-и шадиду равшан монанд аст.

Кабки зирак ба намудҳои таҳдидшуда (статуси VU) шомил аст. Дар кишварҳои Осиёи Миёна он аллакай ба феҳристи намудҳое, ки таҳдиди нопоён доранд, шомил шудааст ва дар Тоҷикистон низ як намояндаи нодири фаунаи биёбонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки ниёз ба ҳифз дорад.

Бодя гуфт, ки парандаи соли 2025 Дугдоғи зебо инитхоб шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...