ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 18:30 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев шоми мусиқии “Суруди нав” баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки ин консерт ба “Шоҳнома”-и ҷовидони Фирдавсӣ бахшида шуда, саҳна низ бо услуби “Шоҳнома” ороиш дода мешавад. Он аз ҷониби “Радиои нав” роҳандозӣ шуда, ҳунармандони маъруфи кишвар дар он ширкат хоҳанд кард. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст, аз 100 то 250 сомонӣ аст.
– Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин оғоз мегардад. Маросими ифтитоҳӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаи консертии ҳунармандони чинӣ доир шуда,, пеш аз оғози консерт намоиши ҳунарҳои мардумии Чин дар даромадгоҳи Театри опера ва балет дар назар аст. Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон вазирони фарҳанги ду кишвар мулоқот кунанд.
– Имрӯз дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон оғоз мегардад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1997 – Ризвон Содиров, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини Тоҷикистон пас аз 7 соати шурӯи як амалиёти густурдаи мақомот кушта шуд.
Соли 2002 – Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созишномаи шарикӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ ба имзо расид.
Соли 2002 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ”-ро имзо кард.
Соли 2016 – Оши палав дар бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ ба мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид.
Соли 2018 – Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар мусобиқаи "CAFA Women’s Championship 2018" ҷойи сеюмро сазовор гардид.
Соли 2020 – Бонки Ҷаҳонӣ барои маблағгузории “Лоиҳаи дуюми муосирсозии идоракунии молияи давлатӣ” барои Тоҷикистон 6 миллион доллари иловагӣ ҷудо кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Зодрӯзи Шарофат Рашидова, раққосаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Шарофат Рашидова яке аз маъруфтарин чеҳраҳои санъати рақси тоҷик буда, бо истеъдод ва садоқат ба санъат дар таърихи фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хоса пайдо кардааст. Ӯ ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов ва модари суратгири маъруф Нисор Абдураззоқов аст.
Рашидова соли 1963 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон роҳ ёфт ва маҳз дар ҳамин ҷо ҳунараш шакл гирифт. Солҳои 1965-1991 ҳамчун раққосаи ансамбли давлатии “Лола” фаъолият карда, аз соли 1993 то 2001 роҳбари бадеии дастаи рақсии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд.
Ӯ соли 2002 Театр-студияи “Падида”-ро таъсис дода, роҳбариашро ба ӯҳда гирифт. Ӯ дар тарбияи насли нави раққосон саҳми арзанда гузошта, барои даҳҳо ҳунармандони ҷавон роҳ кушодааст.
Рашидова дар иҷрои рақсҳои миллии тоҷикӣ чун “Гул узорам”, “Помирӣ”, “Муноҷот”, “Парвона”, “Ҷигарпора”, “Боғоро”, “Ларзон” маҳорати хоса дошта, рақсҳои халқҳои гуногун, аз ҷумла лазгӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ, узбекӣ ва туркманиро низ ба таври касбӣ иҷро кардааст.
Соли 1950 – Зодрӯзи Абдулҳафиз Азизов, омӯзгори тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1955 – Мавлуди Ҳайдар Одиназода, доктори илмҳои техникӣ.
Соли 1964 – Мавлуди Боймурод Шарифзода, адабиётшиноси тоҷик, директори пешини Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ.
Боймурод Шарифзода хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро аз Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намуд. Шарифзода солҳои 1996-1998 ҳамчун муовини декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 2004-2007 ҳамчун декани ин факултета фаъолият кардааст.
Шарифзода соли 2012 декани факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ таъин шуда, то соли 2020 дар ин вазифа буд.
Баъдан Боймурод Шарифзода ба Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ роҳбар таъйин гардид ва то соли 2022 дар ин вазифа буд.
Шарифзода муаллифи як китоб ва беш аз 40 мақолаҳои илмӣ буда, самти асосии пажӯҳишҳои ӯ таҳқиқи андешаҳои адабӣ ва танқидии суханварони асрҳои миёнаи форсу тоҷик аст.
Соли 1992 – Мулло Нуров, майори милиса, корманди БДА ва яке аз намодҳои Душанбе дар замони шӯравӣ дар 56-солагӣ даргузашт.
Мулло Нуров ҳамчун яке аз шинохтатарин нозирони ҳаракат дар роҳ (БДА) дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ маъруф аст. Ӯро бештар бо адолат, поквиҷдонӣ ва росткориаш мешиносанд.
Далели “Мулло” ном гирифтанаш он будааст, ки то ҳаштсолагӣ қисмати зиёди Қуръонро азбар кардааст ва ӯро чунин лақаб гузоштаанд, ки то охири умр бо ӯ монд.
Мулло Нуров шаби 2-юми декабри соли 1992 ҳангоми адои вазифа кушта шуд. Иттиҳодияи “Душанбеи мо” соли 2022 бо нашри муроҷиатнома аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дархост карда буд, ки барои пос доштани хотироти капитани хушноми милитсия Мулло Нуров муҷассамаи ӯ дар Душанбе гузошта шавад. То ҳол ин талаб иҷро нашудааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 2-юми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо барҳамдиҳии ғуломдорӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз ба қабули Конвенсияи СММ оид ба пешгирии хариду фурӯши одамон ва мубориза бо истисмори шаҳвонии онҳо рабт дорад. Ҳадафи асосӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба шаклҳои нави ғуломдорӣ мебошад, ки бо вуҷуди пешрафти тамаддун то имрӯз решакан нашудаанд.
Меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ, асорати ҳарбӣ, ғуломдории хонаводагӣ, издивоҷҳои маҷбурӣ ва фурӯхтани арӯсон, ирсиётӣ ба мерос додани бевазан, истифодаи кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, хариду фурӯши одамон ва дигар шаклҳои истисмор шаклҳои муосири ғуломдорӣ мебошанд.
Ба иттилои СММ, имрӯз аз ҳар 1000 нафар сокини сайёра панҷ тан қурбонии истисмор мебошанд. Яке аз ҳар чор қурбонӣ кӯдак аст.
2-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии "2D-ҳунармандон" ҷашн гирифта мешавад. "2D ҳунармандон” он ҳунармандоне гуфта мешавад, ки дар формати дуандоза (2D) фаъолият мекунанд. Рассомони филмҳои тасвирии анъанавӣ ва аниматсияҳои 2D, тарроҳони персонажҳо, рассомони комикс ва пасманзарҳо, тарроҳони графикаи ҳамвор ба гурӯҳи 2D ҳунармандон дохил мешаванд.
Ин сана ба таври рамзӣ интихоб шудааст, зеро “2D” ба “2 December”, яъне 2-юми декабр баробар аст.
2-юми декабри соли 1971 дар ҷанубу шарқи нимҷазираи Араб, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) таъсис ёфт. Ба ҳайати он ҳафт аморат дохил мешаванд: Абу-Забӣ, Дубай, Шарҷа, Ал-Фуҷайра, Раъсу-л-хайма, Аҷмон, Умму-л-Қайвайн.
Имрӯз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба қатори кишварҳои босуръат рушдкунанда дохил мешавад. Қисми зиёди нерӯи кории кишварро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки сокинони маҳаллӣ дар чанд бахш ҳамагӣ 25-30 дарсадро фаро мегиранд. Иқтисодиёти мамлакат асосан ба соҳаҳои нафту газ такя дошта, даромади онҳо то нисфи буҷети давлатро таъмин мекунад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии саводи компютерӣ таҷлил мешавад. Бо вуҷуди “ҷаҳонӣ” будан, он асосан дар Ҳиндустон ҷашн гирифта мешавад, зеро ин рӯзро NIIT – “Институти миллии технологияҳои иттилоотӣ” таъсис додааст.
Ин институт соли 1981 аз ҷониби ду хатмкардаи Институти технологияи Деҳлӣ таъсис ёфта, ин ҷашн соли 2011 ба муносибати 20-солагии он таъсис дода шудааст.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 7+9º гарм.


