Як намояндаи “Толибон” ба сафири Чин гуфтааст, куштори чиниҳо дар Тоҷикистон “кори дасти душманон” аст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Жоу Шинг, сафири Чин дар Кобул бо Муҳаммаднаим Вардак, муовини молӣ ва идории Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ҳамла ба чиниҳо дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора имрӯз, 3-юми декабр, расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд.

Ба навиштаи “8-и субҳ”, намояндаи “Толибон” ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистонро кори дасти “душманоне” донистааст, ки қасд доранд, миёни кишварҳо “беэътимодӣ” эҷод кунанд.

Муҳаммаднаим Вардак, ҳамчунин, аз рӯйдодҳои ахир изҳори таассуф карда, гуфтааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо оғоз шудааст.

“Толибон” иддаъо кардаанд, ки сафири Чин аз “талошҳо ва мавзеъгирии ҷиддӣ”-и ин гурӯҳ дар робита ба ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон “қадрдонӣ” кардааст.  Ба гуфтаи “Толибон”, сафири Чин гуфтааст, омилони ҳодисаҳои ахир қасд доранд “равобити Чину Афғонистонро хароб кунанд”.

Бояд гуфт, ки дар пайи ду ҳамлаи охир аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.

ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

Дар пайи ин,  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...