Ҷаримаи як кас барои фурӯши китобҳои мамнуи динӣ. Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки китоб аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст?

Asia-Plus

Додгоҳи Исфара як сокини ин шаҳрро бо иттиҳоми бе хулосаи ташхиси диншиносӣ ба фурӯш гузоштани адабиёти динӣ 4 ҳазору 80 сомонӣ ҷарима кардааст. Ин ниҳод рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора хабар додааст.

Додгоҳ номи пурраи маҳкумшударо зикр накарда, танҳо гуфтааст, ки шаҳрванд В. бидуни гирифтани хулосаи ташхиси диншиносӣ  дар бозори марказии шаҳри Исфара ба фурӯши адабиёти динӣ машғул буд.

Назари маҳкумшуда ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест.

Додгоҳ ӯро бар асоси қисми яки моддаи 474 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки фурӯш ва паҳн кардани адабиёти динӣ бидуни ҳуҷҷати расмии диншиносиро манъ мекунад, ба андозаи 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 4 ҳазору 80 сомонӣ) ҷарима кардааст. Ҳамчунин, аз маҳкумшуда 7 китоби динӣ мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин ирсол шудааст.

 

Чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхис гузаштааст?

Бояд гуфт, ки тибқи моддаи 22 қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ҳангоми воридоти адабиёти динӣ онҳо бояд  аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаранд. Аммо мақомот мегӯянд, на ҳамаи фурӯшандагон ҳангоми ворид кардани чунин адабиёт ба ҳудуди Тоҷикистон онҳоро аз ташхис гузарондаанд.

Масъулин мегӯянд, барои гузаштани чунин ташхис асосҳои ҷиддӣ ва баъзан ташвишовар вуҷуд дорад. Масалан, дар як китобе, ки дар асоси ҳадисҳои саҳеҳ таҳия шудааст, вақти ташхис як саҳифа унсурҳои экстремистӣ ошкор гардидааст.

Қаблан, Меҳрафкан Мирзоҳофизиён, мутахассиси пешбари Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки адабиёти диние, ки масалан аз Ӯзбекистон ва ё Русия ворид мешавад шояд аз ташхиси диншиносии ин кишварҳо гузаштаанд, аммо қонунгузории мо дар ин самт фарқ мекунад ва китобҳо бояд аз ташхиси дохилӣ гузаранд.

“Ҳатто адабиёте, ки ба тиҷорат иртибот дорад, масалан “Дин ва бизнес”, ё ҳар ашёи ҳамин гуна мазмундошта, мисли расм, ашёи ороишию рӯзгор, ки навиштаҷоти динӣ доранд,  бояд аз ташхиси диншиносии Тоҷикистон гузаранд. Дар акси ҳол, воридкунанда тибқи талаботи  моддаи 474 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ҶТ (Риоя накардани қонунгузорӣ оид ба истеҳсол, содирот, воридот, фурӯш ва паҳн намудани адабиёти динӣ, инчунин дигар ашё ва маводи дорои таъиноти динӣ) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, – гуфта буд ӯ.

Тартиби чӣ гуна гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ қарори ҳукумат дар бораи "Тартиби гузаронидани ташхиси давлатии диншиносӣ” мушаххас кардааст.

Солҳои пеш номгӯи рӯйхати адабиёти мамнӯъ дар  сомонаи Кумитаи дин буд, аммо ҳоло бо вуҷуди зиёд шудани номгӯи онҳо, ин рӯйхат дар сомона нест. Дар натиҷа, шаҳрвандон намедонанд, ки кадом адабиёт мамнӯъ аст. Ин ҳам метавонад як мушкили дигар барои одамон ҳангоми харидорӣ ва пайдо кардани адабиёти динӣ гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...