Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Баъди насби дурбинҳои назоратӣ дар чанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд давоми ду моҳи охир мақомот тавасути ин дурбинҳо 15 касро барои дар ҷойҳои мамнӯъ партофтани партов беш аз 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Хуршед Салимов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Алюс” гуфт, нисбати 15 тан барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл…, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо (моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) парвандаи маъмурӣ боз карда, ҳар яки онҳо 375 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-1 нишондиҳанда 75 сомонӣ дар соли 2025) ҷарима шуданд.

“Дар умум, ҳамаи онҳо 5625 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ҳамаи муҷозотшудагон   шахсонӣ воқеӣ мебошанд ва нишондиҳандаи ҷаримаи онҳо аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (1 нишондиҳанда 75 сомонӣ) ташкил медиҳад. Барои шахсонӣ ҳуқуқӣ аз 15 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст”, – гуфт Хуршед Салимов.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ду моҳ пеш бо супориши шаҳрдори Хуҷанд дар чанд кӯчаи шаҳр 8 дурбини назоратӣ насб карда шуд, ки ҳадафи онҳо “пешгирӣ аз партофтани партов дар ҷойҳои муайяннашуда ва ҷилавгирӣ аз вайроншавии муҳити зист аст”

Қаблан, ҳукумати ин шаҳр навишта буд, ки ҳамаи дурбинҳои назоратӣ дар буриши кӯчаи Фирдавсӣ ва Ҳаким Карим (назди Додгоҳи шаҳри Хуҷанд) насб шуданд, ки мустақим қонуншиканиро ба қайд гирифта, ба телефони боварии шуъбаи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд интиқол медиҳад.

Ба таъкиди ҳукумати маҳаллӣ, ин иқдом дар пайи муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба пайдо гардидани партовгоҳҳои сунъӣ роҳандозӣ шудааст.

Ҳамчунин, интизор меравад, ки дар дигар мавзеъҳои шаҳри Хуҷанд низ чунин дурбинҳо насб гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...