ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Даври ниҳоии озмун аз 14 то 29-уми ноябри имсол дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид. Имсол соли ҳафтуми баргузории озмуни мазкур аст.
– Имрӯз дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Чиндар Тоҷикистон дар шаҳри Театри давлатии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар барномаи консертии ҳунармандони чинӣ доир мегардад. Рӯзҳои фарҳанги Чин дар кишвари мо рӯзи 2-юми декабр оғоз гардид ва то 7-уми декабр идома мекунад.
– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2009 – Тоҷикистон эъломияи Картахен дар бораи “Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина”-ро имзо кард.
Соли 2017 – Палатаи поёнии парлумон ба қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он танҳо ятимони кулл аз ҳаққи гирифтани манзили ройгон ва таҳсилро доранд.
Соли 2018 – Нахустин сафари хатсайри нави байналмилалӣ тариқӣ автобус дар масири “Тошканд – Хуҷанд – Қӯқанд” сурат гирифт.
Соли 2020 – Ба чанд гурӯҳи мушаххаси шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иҷоза дода шуд, ки аз марзи байни ду кишвар убур кунанд.
Соли 2023 – Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди рушди Арабистони Саудӣ барои маблағгузории лоиҳаи "Роғун" ба маблағи 100 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1887 – Мавлуди Абулқосим Лоҳутӣ, шоир ва фаъоли сиёсии Тоҷикистон.
Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ соли 1887 дар Кирмоншоҳи Эрон таваллуд шудааст. Ӯ дар ватанаш яке аз фаъолони ҳаракати озодихоҳӣ буд, ки зидди шоҳи вақт мубориза мекард. Пас аз шикаст дар Эрон соли 1922 ба Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳ бурд ва соли 1925 ба Тоҷикистон омад.
Муаррихон мегӯянд, Лоҳутӣ дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1929 ва дар рушди адабиёту фарҳанги нав дар ин кишвар нақши назаррас дорад. Ӯ муддате ҷонишини Комиссари халқии маориф буд ва дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат карда, бо ароба аз Тирмиз мошини чоп овардааст.
Ӯ муддате ба рӯзноманигорӣ низ пардохта, аз соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он низ буд.
Абулқосим Лоҳутӣ соли 1957 дар шаҳри Маскав аз дунё даргузашт.
Эҷоди Лоҳутӣ ғанӣ буда, осораш дар авроқи “Девони Абулқосим Лоҳутӣ”, “Сурудҳои озодӣ ва сулҳ”, “Нидои зиндагӣ”, “Гавҳари ишқ”, “Шӯъла ва Шамшер”, “Офтоби Сурх” ва “Куллиёт”-и шашҷилда фароҳам омадаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон Театри давлатии академии драмавӣ номи Лоҳутиро дорад.
Соли 1936 – Зодрӯзи Ҳотам Аъзамқулов, доктори илмҳои иқтисод, профессор.
Соли 1947 – Мавлуди Яҳё Азимов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.
Соли 1963 – Мавлуди Ғаффор Ҷабборӣ, иқтисоддон, раиси пешини навоҳии Бохтар ва Хуросон.
Соли 1973 – Зодрӯзи Машраб Файзулло, вакили пешини парлумони Тоҷикистон ва собиқ ректори Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия.
Машраб Файзулло то моҳе пеш ректори Донишгоҳи донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Ӯ дар сохтори таҳсилот ва идоракунии давлатӣ таҷриба дошта, дар давъвати қаблии пардумон вакили Маҷлиси намояндагон буд.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, давоми фаъолияташ дар вазифаҳои ассистент, мудири кафедра, декан ва роҳбари барномаҳои илмӣ кор кардааст. Солҳои гуногун дар муассисаҳои нақлиётии кишвар, аз ҷумла дар мақомоти идории ширкати ҳавопаймоӣ низ фаъолият намудааст.
Соли 2020 ӯ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, муддате раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон буд. Аз соли 2022 то ноябри 2025 вазифаи ректори Донишгоҳи Русияву Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Номи ӯ ҳамчунин замоне расонаӣ гардид, ки соли 2023 Комёб Файзулло, писари ӯ сабабгори ҳалокати Некрӯз Ниёзов, овозхони ҷавони тоҷик дар садама гардид ва 3 сол равонаи зиндон шуд.
Соли 2018 – Ғаффор Каримов, таблакнавози шинохтаи тоҷик ва ҳунарпешаи театру синамо дар 80-солагӣ даргузашт.
Ғаффор Каримов аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ ва таблакнавози маъруфи тоҷик аст.
Ӯ аз соли 1958 то соли 1998 яке аз чеҳраҳои асосии Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб буд. Солҳои охир дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб кор карда, инчунин дар Коллеҷи санъати Кӯлоб ба шогирдон дарси маҳорати саҳнавӣ ва таблнавозӣ меомӯзонд.
Дар давоми 30 соли фаъолият дар театр ӯ дар беш аз ҳафтод намоишнома нақш офаридааст. Миёни онҳо асарҳои маъруф ба монанди “Се нафар хушдор”, “Робиаи Балхӣ”, “Орзу”, “Шартҳои никоҳ”, “Нон, хун ва одамон”, “Бой ва Тайғуншоҳ”, “Оинаи махмалпеч”, “Шаш зиндаю як мурда”, “Қарзи виҷдон” ҷо доранд.
Ғаффор Каримов дар як қатор филмҳои машҳури тоҷикӣ низ ҳунарнамоӣ кардааст. Нақшҳояш дар филмҳои “Хати парвоз”, “Айёми туманҳои замистон”, “Паррандаи лойӣ”, “Бухорои шариф”, “Гирдбод”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар”, “Ситораҳои сари танӯр”, “Марди мутааллиқи ду зан”, “Сайёд” ва дигар филмҳо ӯро ба тамошобинон ҳамчун ҳунарманди бисёрҷанба муаррифӣ намудаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
4-уми декабр Рӯзи байналмилалии бонкҳо таҷлил мегардад. Моҳи декабри соли 2019 Ассамблеяи Генералии СММ рӯйхати рӯзҳои байналмилалиро дар тақвими худ ин рӯзро илова кард. Ин иқдом ҳамчун эътирофи саҳми калидии муассисаҳои бонкӣ дар пешбурди Барномаҳои рушди устувор то соли 2030 қабул гардид.
СММ дар қатъномаи худ таъкид мекунад, ки бонкҳо дар рушди иқтисодии кишварҳо, дастгирии соҳибкорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим доранд. Ин рӯз ҳамчун рамзи ҳамгироӣ ва масъулияти соҳаи бонкдорӣ дар таҳкими суботи иқтисодӣ ва коҳиши камбизоатӣ дар саросари ҷаҳон пазируфта шудааст.
4-уми декабри соли 1946 дар Маскав нахустин мошини сабукрави “Москвич-400” истеҳсол шуд. Ин мошин барои солҳои пас аз ҷанг як дастоварди назаррас ба ҳисоб мерафт. “Москвич-400” барои чор нафар пешбинӣ шуда, метавонист то 90 км/соат суръат бигирад, ки барои он давра нишондиҳандаи хуб ба шумор мерафт.
Модели мазкур соли 1956 бо навсозии куллӣ иваз гардида, ҷои худро ба “Москвич-402” дод, ки бо имкониятҳои бештар ва тарҳи муосир истеҳсол гардид.
4-уми декабр дар бисёр кишварҳо ҳамчун Рӯзи фиристодани нома ба Бобои Барфӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба он хотир интихоб шудааст, ки бо оғози зимистон одамон ба омадани Соли нав бештар омода мешаванд ва фазои мӯъҷизавии зимистон муҳитро марҳила ба марҳила азхуд мекунад.
Дар ин рӯз кӯдакон ва шахсоне, ки ба мӯъҷизаи солинавӣ бовар доранд, орзуҳои худро рӯи коғаз меоранд ва ба суроғаи Бобои Барфӣ мефиристанд. Ин амал анъанавӣ буда, рамзи умед, орзуҳои нек ва боварӣ ба фаро расидани рӯйдодҳои хуш аст.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 1-6º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона -1+1º , рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 6+8º гарм.


