Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт

Asia-Plus

Пулиси пойтахт дар ду рӯзи охир аз ҳабси 5 фурӯшандаи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе бо иттиҳоми дубора боло бурдани нархи гӯшт ва итоат накардан ба амри пулис иттилоъ дода, гуфтааст, онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуданд.

Мақомот аз онҳо Ғайраталӣ Алиев, Нуриддин Ҳоҷизода, Далер Ярашев, Мунавваршо Аюбов ва Ҷӯрабек Мусаммиров ном бурда, гуфтааст, қаблан  онҳо барои боло бурдани нархи гӯшт ҷарима шуда буданд.

Ба иддаои мақомот, бо вуҷуди ин “аз кирдори худ (боло бурдани нархи гӯшт, аз идора) даст накашидаанд”.

Манбаъ гуфтааст, дар санҷиши такрорӣ, ҳуқуқвайронкунии дубораи ин фурӯшандагон ошкор шуда, нисбаташон бо моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо иттиҳоми “итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди пулис” парванда боз шудааст. Мақомот ба онҳо аз 2 то 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.

Назари маҳкумшудаҳо дар робита ба ин қазия ва гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Зоҳиран чунин менамояд, ки дар пайи боло рафтани нархи гӯшт дар бозорҳои пойтахт мақомот барои назорат ва танзими он санҷишҳо мегузаронанд.Чанде пеш пулиси Душанбе дар пайи чанд санҷиш қариб 200 фурӯшандаи бозорҳои пойтахтро бо гумони гарон фурӯхтани гӯшт ҷарима карда буд.

Аз ҷумла, гуфта мешуд, ки 120 фурӯшандаро бар асоси моддаҳои 627 (фиреби истеъмолкунандагон) ва моддаи 555 (худсарона баланд бардоштани нархи махсулот)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима кардаанд.

Миқдори ҷаримаи онҳо гуфта намешуд, вале моддаҳои боло аз 3750 то 7500 ва бештар аз он ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки фурӯшандаҳои гӯшт барои чӣ миқдор зиёд кардани нарх ҷазо дода шуданд. Чунки дар кишвар нархи ягонаи фурӯши гӯшт аз сӯи ҳеҷ ниҳоде мақаррар нашудааст ва ё ҳадди ақал он расонаӣ нагардидааст.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки дар низоми иқтисоди бозаргонӣ идораи нарх дар бозор бо роҳи маҷбурӣ имконпазир нест ва танҳо бо роҳи пешниҳоди маҳсулоти бештар метавон онро танзим кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...