Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд

Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯзи 1-уми декабр радабандии нави худ миёни ҷудокорони ҷаҳонро нашр кард, ки намояндагони Тоҷикистон дар он мавқеъҳои баланди худро нигоҳ доштанд: 5 ҷудокори тоҷик дар даҳгонаи беҳтаринҳо дар вазнҳои худ ва боз 9 паҳлавони дигар миёни 25 ҷудокори беҳтарини ҷаҳон.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг миёни мардон бо 4716 имтиёз зинаи дуюмро дар радабандии ҷаҳонӣ касб кардааст. Дар зинаи аввали радабандӣ дар ин вазн, ҷудокори Ҷопон Такеши Такеока бо 5380 имтиёз қарор дорад.

Соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025" медали тилло гирифт.

Дар ҳамин вазн (то 66 кг) Обид Ҷебов бо касби 4216 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад. Ҷебов имсол дар муобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Будапешт соҳиби медали нуқра гардид.  

Миёни мардон дар байни гаронвазнҳо (зиёда аз 100 кг) дар радабандӣ дар зинаи сеюм, Темур Раҳимов бо 4245 имтиёз ҷойгир аст. Дар ин вазни радабандӣ намояндаи Русия Инал Тасоев бо 5750 имтиёз дар мақоми аввал ва варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвили бо 4717 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифтаанд.

Дар ин мавсим, Темур Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Маҷористон (Венгрия) медали биринҷӣ, дар мусобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025" медали тилло ва дар бозиҳои исломӣ медали нуқра ба даст овард.

Дар радабандӣ миёни мардон дар вазни то 81 кг бо 3537 имтиёз Сомон Маҳмадбеков дар мақоми шашум қарор гирифт. Дар мақоми якум дар ин вазн Темур Арубзов, варзишгари Русия бо 5955 имтиёз ҷой гирият.

Дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо касби 3925 имтиёз дар зинаи нуҳум қарор гирифт.

 

Ҳамчунин дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ҷудокорони тоҷики зерин низ қарор доранд:

Абӯбакр Шеров (-73 кг) бо 3185 имтиёз дар зинаи 10-ум;

Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) бо 2955 имтиёз дар зинаи 12-ум;

Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг) бо 1778 имтиёз дар зинаи 21-ум;

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) бо 1673 имтиёз дар зинаи 23-юм;

Масъуди Аҳмадзод (-73 кг) бо 1272 имтиёз дар зинаи 33-юм;

Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) бо 1025 имтиёз дар зинаи 40-ум;

Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) бо 678 имтиёз дар зинаи 58-ум.

 

Занони ҷудокори Тоҷикистон низ ба радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо шомил гирдиданд:

Александра Кан (-57 кг) бо 770 имтиёз дар зинаи 56-ум;

Мадина Қурбонзода (-52 кг) бо 601 имтиёз дар зинаи 65-ум;

Аҳлия Муъминова (-48 кг) бо 370 имтиёз дар зинаи 87-ум;

Виктория Киселёва (+78 кг) бо 307 имтиёз дар зинаи 88-ум; 

Зуҳал Ҷумъаева (-52 кг)  бо 260 имтиёз дар зинаи 107-ум.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...