Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд

Asia-Plus

Дар Русия аз 1-уми декабр марҳилаи нав оид ба ҷамъоварии маълумоти биометрӣ аз шахсони хориҷии ба кишвар воридшаванда оғоз шуд. Акнун он дар ҳамаи гузаргоҳҳои давлатии сарҳадӣ амал мекунад. Хабаргузории ТАСС навишт, ки чунин супориш дар қарори марбутаи ҳукумати Русия зикр шудааст.

Пештар ин озмоиш танҳо ба хориҷиёне дахл дошт, ки ба Русия танҳо тариқи фурудгоҳҳои Маскав ва постгоҳи назоратии автомобилии “Маштаково” ворид мешуданд.

Дар санад гуфта мешавад, амали марҳилаи нави тағйирот дар озмоиш аз соати 00:00-и 1 декабри соли 2025 оғоз гардида, то 30 июни соли 2026 давом мекунад. Дар ин давра “бо мавҷуд будани имконоти техникӣ дар гузаргоҳҳо тариқи сарҳади давлатӣ” ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ зимни убури сарҳад аз ҷониби онҳо тариқи чунин гузаргоҳҳо  таъмин карда мешавад.

Дар қарор инчнуин номгӯи категорияҳои шаҳрвандон, ки нисбати онҳо ин озмоиш амал намекунад, муайян карда шудааст. Ба ин категория шаҳрвандони зерин мансубанд:

– кормандони хадамоти алоқаи (фелдъегерӣ)-и байниҳукуматӣ;

– шаҳрвандони Беларус;

– роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарӣ дар Русия; шахсони мансабдори созмонҳои бпйнулмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, моликони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ, ки тибқи уҳдадориҳои хидматӣ ё дар ҳайатҳои расмӣ ба кишвар ворид мешаванд; шаҳрвандони хориҷӣ бо доштани раводид (виза)-и дипломатӣ ё хидматӣ;

– кӯдакони синни то 6-сола.

 

Дар доираи озмоиш то кунун кадом корҳо амалӣ шуданд?

Марҳилаи аввали озмоиш 1 декабри соли 2024 оғоз шуд. Аз ҳамон вақт шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи фурудгоҳҳои байнулмилалии Маскав – Домодедово, Шереметево ва Внуково, инчунин фурудгоҳи “Жуковский” дар вилояти Маскав ва гузаргоҳи заминии автомобилии “Маштаково” дар вилояти Оренбург ба Русия ворид мешуданд, уҳдадор шуданд, ки зимни убури марз бевосита дар ҳамон ҷо маълумоти биометрӣ супоранд.

Марҳилаи дигари марбут ба тағйирот дар қоидаҳои вуруди муҳоҷирон 30 июни соли 2025 оғоз шуд. Дар он имкони пешакӣ огоҳ намудан дар бораи мақсади сафар ба Русия ва супоридани маълумоти биометрӣ то сафар пешбинӣ шуда буд.

Барои ворид шудан ба Русия тариқи бидуни раводид шаҳрвандони хориҷӣ бо шумули намояндагони шахсони корношоям ё ноболиғ, метавонанд на дертар аз 72 соат то сафари пешбинишуда аризаи махсуси электрониро пур кунанд. Онро метавон тариқи замимаи мобилии RuID пур ва пешниҳод намуд.

Тавре ки дар маркази матбуоти ВКД Русия шарҳ додаанд, чунин сабти пешакӣ дар замима, ки аз супоридани маълумоти биометрӣ ва пур кардани аризаи электронӣ иборат аст, ихтиёрӣ аст ва наметавонд барои рад кардани вуруд ба кишвар асос шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...