Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи ноябр бақайдгирии рақамии нафақахӯрон оғоз шуда, то охири моҳи декабр идома мекунад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад.

Тибқи иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, барномаи мазкур “ба шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд” ва дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.

Ин ниҳод мегӯяд, нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоии маҳалли худ муроҷиат кунанд. Ин шабу рӯз шуъбаҳо бидуни рӯзи истироҳатӣ кор мекунанд. Аз ин ниҳод гуфтанд, бақайдгирӣ ройгон аст.

Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.

Бархе сокинон гуфтанд, дар рӯзҳои аввали бақайдгирӣ, дар шуъбаҳои нафақа дар шаҳру навоҳӣ навбатпоии тӯлонӣ буд, вале рӯзҳои охир он кам шудааст.

Ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар, бақайдгирии рақамӣ ё шинохти чеҳраи нафақахӯрон бояд то охири моҳи декабри соли равон анҷом дода шавад ва он имкон медиҳад, нафақахӯрон шахсияти худро “бевосита ва дар вақти мувофиқ” тасдиқ кунанд.

“Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бақайдгирии нафақагирон дар вақти воқеӣ тавассути нусхагирӣ намудани шиноснома ва шинохти чеҳра ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур хизматрасониҳоро осонтар намуда, барои тасдиқи бехавфи шахсият ёрӣ намояд”, – омадааст дар хабари расмии ин ниҳод.

Аммо Оҷонсӣ нагуфтааст, ки оё муҳлати барои бақайдгирӣ пешбинишуда кофӣ аст ё не. Зеро баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки муҳлат барои бақайдгирӣ кам аст.

Бояд гуфт, ин тасмим дар асоси протоколи маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуда, дар асоси он фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 11-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст. Ба сокинон ҳам қариб охири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр хабар дода шудааст. Ҳабари баргузории ҷаласа ҳам 29-уми ноябр дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 теъдоди нафақагирон 863 ҳазору 690 аст. Маълум нест, ки то ҳол мақомот чанд нафақахӯрро ба қайд гирифтаанд.

Ҷузъиёти дигар дар бораи бақайдгирии рақамии нафақахӯрон маълум нест. “Азия-Плюс” ба Оҷонсии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ барои гирифтани маълумоти бештар муроҷиат кард, вале то ҳол посухи расмӣ нагирифтааст.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ – ба 470,57 ва иҷтимоӣ – ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, соҳаҳои гуногунро дар кишвар рақамӣ гардонад. Аммо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, мушкилоти гуногун, аз ҷумла бебарқӣ ва интернети суст дар кишвар ба рақамикунонӣ монеа эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...