Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон”-ро шарҳ доданд

Asia-Plus

Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сӯхтори рӯзи шанбеи 6-уми декабрро дар ҳудуди бозори “Корвон” шарҳ дод.

Ин ниҳод баъди ду рӯзи ҳодиса, субҳи имруӯз, 8-уми декабр бо нашри як изҳорот гуфт, “алангаи оташ дар мағозаҳои қолин, кӯрпаворӣ ва кошонаи ҳусн масоҳати 180 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар қисматҳо ба миён омад буд”.

Ба иттилои ин ниҳод, оташсӯзӣ тақрибан соати 8-и субҳ дар мағозаҳои тиҷоратӣ, ки дар кӯчаи Крупской (ҳудуди бозори “Корвон”) воқеъ аст, сар задааст.

Хадамоти оташнишонӣ гуфтааст, оташнишонҳо соати 08:21 бо 13 нақлиёти оташнишонӣ ва 5 нақлиёти Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Ҳангоми дар соати 08:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ алангаи оташи кушод дар мағозаҳои қолин, курпавори ва кошонаи ҳусн дар масоҳати 180 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи бевоситаи паҳншавии алангаи оташ ба дигар қисматҳои ҳамшафати онро ба миён омада буд”, – оамадааст дар изҳороти хадамот.

Ба қавли мақомот, оташнишонҳо сӯхторро дар соати 10:33, беш аз ду соат баъд аз сари задани он ба пуррагӣ хомӯш кардаанд.

Вале Хадамоти оташнишонӣ сабаб ва зарари сӯхторро шарҳ надодааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, дида мешавад, ки оташ мағозаҳоеро, ки дар саршавии бозори “Корвон” (рӯбарӯи дарвозаҳои аввал) ҷойгиранд, фаро гирифтааст.

Яке аз мағозаҳое, ки дар сӯхтор зарар дидааст, дӯкони фурӯши либоси арӯсии блогер Манижаи Умедулло аст. Ӯ дар шабакаҳо иҷтимоӣ гуфтааст, ки дар ин оташсӯзӣ заҳмати 8-солааш ба коми оташ рафтааст.

Ҳамасола садҳо ҳодисаи сӯхтор дар бинову иншооти давлативу хусусӣ, бозорҳо ва марказҳои хидматрасониву савдо рух медиҳад, ки молу мулки давлативу хусусиро ба коми худ мекашад. Аз ҷумла, чанд соли охир сӯхтори бозорҳо дар кишвар зиёд шудааст.

Аз ҷумла, шаби 12 ба 13- уми дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, сар зад, ки дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхтанд. Ҳарчанд тибқи хабари мақомот, қисме аз молу колои бозор ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Аммо дар наворҳои баъди сӯхтор нашршуда мушоҳида мешавад, ки бозор қариб пурра сӯхтааст.

Мақомот аксаран сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо мегӯянд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...