Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд

Asia-Plus

Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, медал ба даст оварда натавонистанд.

Дар ин мусобиқа, Тоҷикистонро 6 варзишгар – Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (дар вазни то 90 кг) ва Муҳсин Малаев (дар вазни то 100 кг) намояндагӣ карданд.

Дар миёни ин паҳлавонони тоҷик, ки ҳама дар даврҳои гуногун ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд, Обид Ҷебов ба натиҷаи беҳтаре даст ёфта, баъди шикаст аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Такеши Такеокаи ҷопонӣ ҷои 5-умро гирифт. Соли гузашта ягона медали Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Ҷебов ба даст оварда буд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ин мусобиқот бо як ҷойи панҷум, зинаи 15-умро соҳиб шуд.

Ҷопон бо касби 37 медал (11 тило, 11 нуқра ва 15 биринҷӣ) мақоми аввал, мунтахаби Русия бо касби 5 медал (1 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медал (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷоизавии мусобиқаи имсола 154 ҳазор евро буд. Ба паҳлавононе, ки медали тилло гирифтанд, 5 ҳазор евро, соҳиби медали нуқра шуданд, 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ гирифтанд, 1500 евро тақдим гардид.

Ҳамчунин, ғолибони ҷои аввал соҳби 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз ва зинаи сеюм 500 имтиёз гирифтанд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб шуданд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст оварданд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар "Tokyo Grand Slam 2025"  беш аз 300 гуштигир (169 мард ва 134 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam 2024”, ки моҳи декабр баргузор шуда буд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ва онро ҳам Обид Ҷебов дар вазни 66 кг ба даст оварда буд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард.

Варзишгарони тоҷик дар“Tokyo Grand Slam 2023” низ медал ба даст оварда натавониста буданд. Он замон ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...