Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои воридоти ҳама намуди аккумулятор ба истиснои батареяи вазнашон то ним килограм (0,5 кг) пардохти нобудсозӣ (утилизатсия) ҷорӣ мегардад.

Бар асоси тағйиру илова ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, ки 3-юми декабр вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул кардаанд, соҳибкорон барои воридоти аккумулятор ва батареяҳои барқӣ ба кишвар пардохти нобудсозӣ месупоранд.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук зимни муаррифии тарҳи қонун дар назди вакилон гуфтааст, ин маблағ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва танҳо як маротиба ситонида шуда, ба буҷет пардохт карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пардохтҳо вобаста ба вазни аккумулятор муқаррар шудааст:

-аккумуляторҳои 0,5 то 10 кг: 37,5 сомонӣ (0,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

-аккумуляторҳои 10,1 то 30 кг: 75 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);

-аккумуляторҳои зиёда аз 30 кг: 2,6 сомонӣ барои ҳар як килограм (3,5 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо).

Сардори Хадамоти гумрук гуфтааст, ки ҳадаф аз тағйиру илова ба қонуни мазкур “таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, таъмини саломатии шаҳрвандон, пешгирии зарари партовҳои хатарноке, ки дар натиҷаи фарсудашавӣ ва истифодаи аккумуляторҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд” мебошад. 

“… ҳама гуна дастгоҳҳои захиракунандаи қувва, аз ҷумла аккумуляторҳои ба ҳаракатдарорандаи муҳаррики воситаҳои нақлиёт, батареяҳои электромобилҳо, батареяҳои таҷҳизоти маишӣ, дастгоҳҳои захиракунандаи қувваи истгоҳҳои барқии офтобию бодӣ ва ғайра, ба рамзи молии 8507 шомил мебошанд”, – гуфтааст номбурда.

Ба гуфтаи ӯ “барои сарбории иловагӣ наовардан ба истифодабарандагони асбобҳои маишӣ” аз аккумляторҳои вазнашон то 0,5 кг аз ҷумла батареяи соатҳо, телефонҳои мобилӣ, ноутбук, планшет, бозича, асбобҳои равшанидиҳанда ва ғайра, пули “уттилизатсия” ситонида намешавад.

Сиёвуш Наботзода, вакили парлумон дар шарҳи тарҳи қонун гуфтааст, ки  ҷорӣ кардани пардохти нобудсозӣ “аз ҷамъшавии партовҳои хатарнок пешгирӣ карда, назорати гардиши таҷҳизоти истифодашуда тақвият ёфта ва имкони коркарди дурусти чунин партовҳо дар сатҳи давлатӣ таъмин мегардад”.

“Аккумуляторҳои воридшаванда ҳамчун моле, ки дорои хатари экологӣ мебошанд, ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ба пардохти ҳатмии утилизатсия ҷалб мешаванд, ки ин амал шаффофияти воридотро баланд намуда, назорати гумрукиро тақвият медиҳад ва ба ташаккули сарчашмаи иловагии буҷети давлатӣ мусоидат мекунад”, – гуфтааст ин вакили парлумон.

Қонуни нав пас аз тасдиқ дар Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур ба иҷро медарояд. Қабули ин қонун эҳтимол ба болоравии нархи аккумляторҳо дар бозорҳои Тоҷикистон таъсир расонад.

Бояд гуфт, ки ҷорӣ шудани пардохти нобудкунӣ ба аккумляторҳои мошинҳои барқӣ дар ҳолест, ки бо қабули як қарор дар парлумони Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ба мӯҳлати 10 сол озод шудаанд. То имрӯз кирокашони нақлиёти барқӣ аз гаронии нархи мошинҳои барқӣ шикоят мекарданд, ки эҳтимол меравад ҷорӣ шудани тағйироти нав ба нархи электромобилҳо таъсир расонад.

Ҳоло дар кишвар тибқи иттилоии расмӣ, ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, моҳи декабри соли 2023 супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд ва то имрӯз аз ҳама намуди нақлиёт пардохти нобудсозӣ ситонида мешавад. Моҳи феврали имсол нархи нобудсозии мошинҳои воридшаванда то 16 ҳазор сомонӣ баланд шуд, ки нигаронии соҳибкоронро дар пай дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...