Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Муҳоҷират барои аксар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии беҳтар кардани зиндагӣ ва ҷустуҷӯи имконоти нав аст. Аммо ноогоҳӣ аз мушкилот, хатар ва фиребҳо дар ин роҳ метавонад ба истисмор, саргардонӣ ва харчи пули зиёд сабаб шавад. Ин матлаб барои онҳоест, ки мехоҳанд бехатар, қонунӣ ва бо огоҳии пурра рахти муҳоҷират банданд.

 

Хатарҳои муҳоҷират

– иҷрои кори ғайриқонунӣ бо ваъдаи музди баланд;

– мусодираи ҳуҷҷатҳои шахсӣ, маҳдуд кардани фаъолият ва муошират аз сӯйи корфармо;

– додани маош ё пардохти камтар аз меъёри дар шартномаи меҳнатӣ зикршуда;

 – фиреби ширкатҳо ва миёнаравони қалбакӣ;

– истисмори ҷинсӣ;

– меҳнати маҷбурӣ: бештар аз соати муайяншуда дар шароити носозгор кор кардан, дер гирифтани маош;

– қарздор шудан.

 

Қоидаҳои ҷустуҷӯи кор

Рушди технология имкони пайдо кардани кор дар хориҷаро осон кард. Ҳамзамон, фиребгарон дар фазои маҷозӣ, ширкатҳои қаллобӣ низ дар ин қатор зиёд шуданд, ки бо ваъдаи кори сердаромад ва шароити хуб, эътимоди одамонро ба даст оварда, бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ ё ба кор таъмин кардан маблағ мегиранд ва баъдан ғайб мезананд. Корбарони “Азия”-Плюс” низ борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пайдо шудани чунин ширкатҳои қаллобӣ нигаронӣ карда буданд.

Барои пайдо кардани шуғли боэътимод ва бехатар, ба чанд нукта бояд таваҷҷуҳ кард:

– ба таклифҳои шубҳаовар дар бораи кори сердаромад дар хориҷа бовар накунед;

– қонунӣ будани ширкат ва  иҷозатномаи он ё шахсони ба хориҷа даъваткунандаро аз рӯйи рақами бақайдгирӣ, суроға ва маълумот барои тамос санҷед;

– бо ҳуқуқшинос ё ташкилоте, ки дар самти муҳоҷират фаъолият доранд ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ машварати ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд, машварат кунед;

– то замоне, ки ба фаъолияти қонунии ширкат боварӣ пайдо накунед, нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоятонро пешниҳод накунед;

– барои пешниҳоди маблағ саросема нашавед, аввал бо мутахассис машварат кунед,  ки он барои чӣ сарф мешавад ва бо чӣ мақсад рӯёнида мешавад;

– ба ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ширкат пешниҳод мекунад, зуд бовар накунед. Онҳо метавонанд қалбакӣ бошанд, аз ин рӯ, аввал ҳуҷҷатҳоро ба мутахассисон нишон диҳед ва машварат гиред.

 

Ҳатто агар кори пешниҳодшуда ва ширкати даъваткунанда боваринок бошанд, ин комилан наметавонад кафолати дурӣ аз хавфу хатарҳо дар кишвари хориҷа бошад. Аз ин рӯ, бо зинаи дигари муҳоҷират, ки омодагӣ ба сафар аст,  бояд шинос шуд:

– Қонунгузории кишвари қабулкунандаро  хуб омӯхта, аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ бохабар бошед;

– Забон ва фарҳанги он кишварро то ҳадди имкон омӯзед;

– Пеш аз сафар ҳатман аз корфармо талаб кунед, ки ба шумо расман даъватномаи корӣ ва нусхаи шартномаи меҳнатиро фиристад.

Донистани қонунгузории кишвари қабулкунанда, будубоши қонунӣ ба шумо кафолат медиҳад, ки дар ҳимояи қонуни он кишвар бошед.

Дар ҳолати дучор шудан  ба мушкилот дар хориҷа, аз ҷумла, меҳнати маҷбурӣ ва ё истисмори ҷинсӣ, метавонед ба рақамҳои телефони боварие, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва Созмони байналмилалии муҷоҷират фаъол шудаанд, муроҷиат кунед:

Хатти оҷилӣ барои муҳоҷирон:  900800800

Маркази муқовимат бо савдои одамон дар назди ВКД-и ҶТ: 227 07 07, 980 10 55 55

Телефони боварии ВКД ҶТ: 221 21 21

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...