Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?

Ҳадятулло Мамадов, хатмкунандаи Мактаби тавлидкунандагони муҳтаво дар “Asia-Plus”

Бо зиёд шудани электромобил, баҳси зарарнок будани он бештар мешавад. Теъдоде онро ба саломатӣ зараровар медонанд ва мегӯянд, ба мардҳо бештар осеб мерасонад. Теъдоде ҳам, бовар доранд, ки “зарари электромобил” аз “лоф” беш нест. Сокинони пойтахт ва мутахассисон чӣ назар доранд?

Мо дар ин матлаб, ҳамаи андешаҳо дар мавриди зарару фоидаи мошинҳои барқиро гирд овардем ва бо хулосаи таҳқиқот паҳлӯ ба паҳлӯ гузоштем.

 

“Метавонад мардро бенасл кунад”

Зокир Ҳамидов, як сокини 21-солаи пойтахт мехоҳад мошин харад, аммо аз зарари электромобил дар ташвиш аст.

“Фикр мекунам, электромобил зарар дорад. Танҳо ман не, одамони зиёд мегӯянд, ки электромобил ба саломатии инсон, махсусан мардҳо зарар дорад. Ба муддати дароз рондани электромобил метавонад мардро бенасл кунад”, – зикр кард Зокир Ҳамидов.

Ӯ мегӯяд, ҳарчанд тадқиқот ё хулосаи илман асосёфтаеро дар бораи зарарнок будани электромобил нахондааст, аммо таҷрибаи истифода аз ин навъи мошин барояш рӯшан кардааст, ки он ба саломатии инсон зарар дорад.

“Ҳар вақте ба электромобил мешинам, дилам беҳузур мешавад. Вақте аз мошине, ки муҳаррикаш бо сӯзишворӣ ҳаракат мекунад, истифода мекунам, нороҳатиро эҳсос намекунам”, – гуфт Зокир Ҳамидов.

Билол, як сокини ҷавони Душанбе низ аз электромобил шикоят дорад. Ӯ ҳам таъкид мекунад, ки “вақте ба электромобил мешинам, худро нороҳат ҳис мекунам”.

“Мардум беҳуди гап намезананд. Вақте аксарият мегӯянд, ки электромобил зарар дорад, пас асосе ҳаст. Аз ин лиҳоз, вақте мошин хариданӣ шудам, ҳатман ба мошине, ки муҳаррикаш бо сӯзишворӣ ҳаракат мекунад, афзалият медиҳам”, – гуфт Билол.

 

“Электромобил надоранд, барои ҳамин “лоф” мезананд”

Дар баробари ин, онҳое низ кам нестанд, ки аз электромобил истифода мекунанд ва мегӯянд, он зарар надорад.

Як ронандаи кирокаш дар пойтахт, ки бидуни зикри ном сӯҳбат кард, гуфт, чанд сол шуд электромобил меронад, аммо аз вазъи саломатиаш ҳеҷ шикояте надорад.

“Қариб ду сол шуд электромобил меронам. Аз саломатиам ҳеҷ шикояте надорам. Баръакс, фоида кардам, чун харҷи он камтару фоидааш бештар аст", – гуфт ӯ.

Ронандаи дигари электромобил аз Душанбе низ таъкид мекунад, ки “иддаои зарар доштани электромобил хандаовар аст” ва онҳое бештар дар ин бора “лоф мезананд”, ки “электромобилро намефаҳманд ё надоранд”.

Ӯ гуфт, се сол шуд, ки электромобил меронад, аммо “ҳеҷ зарареро ба саломатиаш эҳсос накардааст”. Ин ронанда бо ханда илова кард, ки “ҳаёти шабонааш низ мисли асп аст”.

Мо аз сокинони Душанбе бо суоли “Оё электромобил зарар дорад ё не?”муроҷиат кардем ва бо посухҳои онҳо дар навори зерин огоҳ шавед:

 

“Зарари электромобил аз нигоҳи илм собит нашудааст”

Мутахассисон ба ин андешаанд, ки дар умум электромобил ба саломатии инсон зарар надорад.

Маҳмадзоир Қаюмов, мудири шуъбаи нанотехнология ва наномаводҳои Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, майдонҳои магнитии электромобилҳо пастбасомаданд ва аз нигоҳи физикӣ нисбатан орому бехатаранд.

“Тибқи меъёрҳои байналмилалии ICNIRP (Комиссияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи радиатсияи ғайриионӣ), ҳадди иҷозашудаи майдони магнитӣ барои инсон 200 µT (микротесла-воҳиди ченаки майдони магнитӣ) аст. Таҳқиқоти муосир нишон медиҳанд, ки сатҳи миёнаи майдони магнитӣ дар дохили электромобилҳо ҳангоми ҳаракати тӯлонӣ тақрибан 2,6 мкТл мебошад, ки ин аз меъёри бехатарӣ хеле пасттар аст. Танҳо вақти шитобгирӣ ё нигоҳ доштан дар наздикии ноқилҳои пурбор то 900 мкТл мешавад, вале он хеле кӯтоҳмуддат буда, ба саломатӣ зарарӣ ҷиддӣ надорад”, – гуфт Қаюмов.

Ӯ таъкид мекунад, ки хатари ҷиддӣ дар ҳолати таъмири нодуруст ё осеб дидани ноқилҳо метавонад эҷод шавад.

Бедориддин Мардонов, уролог-андролог низ иддаои зарари электромобилро ба саломатии одамон, махсусан ба мардҳо беасос медонад.

“Аз назари илми тиб, майдонҳои электромагнитӣ ё наздикӣ ба батареяи электромобил ба саломатии мардон зарари ҷиддии исботшуда надорад. Истифодаи мунтазами сигор, машрубот, нӯшокиҳои нерӯбахш, истеъмоли “фастфуд” ва тарзи ҳаёти ғайрифаъол омилҳои аслие ҳастанд, ки ба саломатии одамон ва “қувваи мардонагӣ” бамаротиб бештар зарар доранд”, – зикр кард Мардонов.

Бояд гуфт, таҳқиқоти то ин замон анҷомшуда ва натиҷаи нашршудаи онҳо, аз ҷумла таҳқиқоти BfS (Олмон, 2025) ва EM-SAFETY (Иттиҳоди Аврупо, 2011-2014 ) нишон доданд, ки сатҳи майдонҳои электромагнитӣ дар дохили электромобилҳо, дар ҳама ҳолатҳои таҳлилшуда, аз меъёри бехатарӣ ба таври назаррас пасттар аст. Яъне он ба саломатӣ зарар надорад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки давоми чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон ба ивази ҳаддалимкони мошинҳои дорои муҳаррики бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда ба электромобил талош дорад. Барои ин чанд барномаву дастур ҳам қабул ва имтиёзҳо низ пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, кирокашҳои пойтахт низ пурра ба электромобил иваз мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2028 то 30% мошинҳо дар кишвар электромобил шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, давоми 5 моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 электромобил ворид шудааст. Дар умум, тибқи иттилои ин ниҳод, то 1-уми июни ҳамин сол шумораи нақлиёти барқӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 354 адад расидааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...