“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?

Date:

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таҳти раҳбарии Игор Черевченко медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, ки “Истиқлол” маротибаи 14-ум дар таърихи худ ва бори 12-ум пайдарпай қаҳрамони Тоҷикистон мешавад.

Дар даври хотимавии мусобиқот, “Истиқлол”-и Душанбе баъди мусовӣ бо тими “Вахш”-и шаҳри Бохтар (1:1) бо 47 имтиёз ва зинаи аввал қарор гирифт.

Дар мавсими оянда, дар сатҳи қораи Осиё “Истиқлол” барои иштирок дар мусобиқаи сатҳи сеюм – Лигаи даъвати Конфедератияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифт.

Бино ба маълумоти портали "Transfermarkt", дар соли 2025 арзиши умумии бозингарони Лигаи олии Тоҷикистон ба 23,89 млн евро мерасад. Фарқияти байни дастаҳо имкон медиҳанд бинем, ки то кадом андоза имконоти молиявӣ ба натичаҳои воқеӣ таъсир мерасонанд.

Мавқеи ҳамаи 12 дастаи мусобиқотро аз лиҳози ҳайат, арзиш ва зинаи касбкардаашон дар ҷадвал мавриди баррасӣ қарор медиҳем:

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рамзҳо (логотипҳо)-и дастаҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон

 

1. "Истиқлол"-и Душанбе – 4,58 млн евро

Синнусоли миёна – 27-сола, 8 легионер (футболбоз аз дигар кишвар) – зинаи 1-ум аз рӯи арзиш, ҷойи 1-ум дар ҷадвали мусобиқот.

Гаронтарин тими кишвар мақомашро тасдиқ мекунад: қариб 4,6 млн евро, рақобати шадид дар ҳайат, устуворӣ дар бозӣ ва пешсафӣ дар ҳамла (54 гол).

 

2. "Регар-ТадАЗ" – и – Турсунзода 2,68 млн евро

25,5-сола, 8 легионер, аз рӯйи нарх 2-юм, ҷойи 6-ум.

Яке аз номутобиқатии хеле зиёди мавсим: ҳайати ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон аз лиҳози нарх, вале танҳо зинаи 6-умро касб кард. Сабабҳо ин ноустуворӣ, мушкилоти кадрҳо ва истифода бурда натавонистани лаҳзаҳои хуби голзанӣ дар бозиҳои муҳим.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Легионери дастаи "Регар-ТадАЗ" Квадво Фримпонг

 

3. "Равшан"-и Кӯлоб – 2,56 млн евро

26,3-сола, 8 легионеров, аз рӯйи арзиш 3-юм, ҷойи 4-ум.

Даста дарвоқеъ ба “сатҳи воқеӣ”-и нархи худ наздик аст. Дар 4-гонаи беҳтарин қарор доштан бо чунин буҷет, нишондиҳандаи кори доимӣ дар даста аст.

 

4. "Вахш"-и Бохтар – 2,37 млн евро

27-сола, 7 легионер, аз рӯйи нарх 4-ум, ҷойи 2-юм.

Аз лиҳози нарх дар ҷойи 4-ум қарор дошта, муддати зиёд дар сафи пешсафон қарор дошт. Ин мисоли он аст, ки чӣ гуна интизом, кори мураббиён ва интихоби дурусти бозингарон имкон медиҳанд, ки аз тимҳои ҳайаташон нисбатан гаронтар пеш гузарӣ.

 

5. "Барқчӣ"- и Ҳисор – 2,20 млн евро

22-сола, 7 легионер, аз рӯи нарх 5-ум, ҷойи 8-ум.

Ҳайати ҷавонтарини лига, лекин натиҷаҳо ҳоло аз имконот пасттаранд. Бо роҳандозии кори хубтари сохтор даста ба дарёфти зинаҳои болотар имкон дорад.

 

6. КМВА (ЦСКА)- и Душанбе – 1,85 млн евро

26,5-сола, 7 легионер, аз лиҳози арзиш 6-ум, ҷойи 3-юм.

Яке аз намунаҳои беҳтарини самаранокист. Бо имконоти миёна бошад ҳам, ба туфайли сохтори бозӣ ва натиҷаҳои устувор муқобили ҳарифон аз зинаҳои поинтари ҷадвал,мақоми 3-юро касб кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳтарин нишонзанҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025

 

7. "Хуҷанд"- и Хуҷанд – 1,83 млн евро

26,6-сола, 7 легионер, аз рӯйи нарх 7-ум, ҷойи 5-ум.

Даста ба сатҳи нархи худ комилан мутобиқат мекунад. Мавсим душвор сурат гирифта, мураббиён иваз шуданд, лекин натиҷаҳо мантиқианд.

 

8. "Эсхата"- и Хуҷанд – 1,70 млн евро

25,8-сола, 7 легионер, аз лиҳози нарх 8-ум, ҷойи 7-ум.

Дастаи миёна бо имконоти хуб аст. Бо доштани 7 легионер метавонист ба ҷойҳои болотар довталабӣ кунад, лекин дарёфи устувори имтиёзҳо хеле дертар муяссар шуд.

 

9. "Ҳосилот"-и Фархор – 1,51 млн евро

26-сола, 9 легионер, аз рӯи нарх 9-ум, ҷойи 9-ум.

Яке аз рекордсменҳо аз рӯи теъдоди хориҷиён, лекин на аз лиҳози натиҷа. Даста барои боқӣ мондан дар лига мубориза бурд, ки ин масъалаи интихоби дурусти ҳайатро ба миён мегузорад.

 

10. "Истаравшан"-и Истаравшан – 1,13 млн евро

25,8-сола, 7 легионер, аз рӯи нарх 10-ум, ҷойи 10-ум.

Қафомонӣ аз пешсафон возеҳу аён аст: буҷет нисбат ба “Истиқлол” 4 баробар камтар аст. Ҷойи 10-ум таҷассумгари имконоти воқеӣ аст.

 

11. "Ҳулбук"-и Восеъ – 1,02 млн евро

28,8-сола, 5 легионер, аз лиҳози арзиш 11-ум, ҷойи 11-ум.

Дастаи пуртаҷриба буда, лекин ҳайати “нисбатан калонсол” кумак накард ва дар натиҷаи ҷойи 11-ум дар ҷадвалро касб кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзае аз бозии "Ҳулбук" – "Равшан"

 

12. "Панҷшер"- и Ҷалолиддини Балхӣ – 480 ҳазор евро

26,2-сола, 8 легионер, аз лиҳози арзиш 12-ум, ҷойи 12-ум.

Камтар аз ним миллион евро буҷети воқеъан ҳам хоксорона аст. Натиҷа ҳам воқеист: зинаи 12-ум ва мубориза барои ҳар як имтиёз.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025 байи дастаҳои Лигаи олӣ то анҷоми мавсим як бозии мавқуфгузошта – “Истаравшан” – “Истиқлол” (12 декабр) боқӣ монд. Он ба натиҷаҳои мусобиқот ва мавқеи дастаҳо дар ҷадвал таъсир намерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...