Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза – “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд

Созмони ҷамъиятии "Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун" барандагони ҷоизаҳояш дар самти ҳуқуқи инсонро дар соли 2025 эълон кард. Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррир ва рӯзноманигори бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” дар бахши “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” ғолиб дониста шуд. Ҷоиза рӯзи 9-уми декабр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) аз сӯи Татяна Туркан, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Созмони ҷамъиятии "Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун" барандагони ҷоизаҳояш дар самти ҳуқуқи инсонро дар соли 2025 эълон кард. Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррир ва рӯзноманигори бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” дар бахши “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” ғолиб дониста шуд.

Ҷоиза рӯзи 9-уми декабр ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) аз сӯи Татяна Туркан, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ба муҳаррири мо супорида шуд.

Мазҳаб Ҷумъа таҷрибаи 15 соли кор дар рӯзноманигориро дошта, аз соли 2021 дар “Азия-Плюс” фаъолият мекунад. Ӯ як сол пеш муҳаррири бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” таъин гардид.

Ӯ дар гузашта ҳамчун рӯзноманигор дар нашрияи “Самак”-у” Фараж” (“Фараҳ”) – и Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андози Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2021 тадқиқоти рӯзноманигории ҳаммуаллифии ӯ бо номи “Марг дар соли 2020 афзоиш ёфт. 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз чӣ фавтиданд?” дар озмуни рӯзноманигорони минтақаи “Осиёи Марказӣ” – “Ҷоизаи MediaCAMP – 2021“ сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Мазҳаб Ҷумъа соли 2021 ҷоизаи “Тадқиқоти журналистӣ” ба номи Ҷумъабой Толибовро соҳиб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Таҳмина Ҳайдарова, ҳуқуқшиноси тоҷик ва роҳбари ташкилоти “Шабакаи  заноне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд”, “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2025” дониста шуд.

Дар бахши “Барои саҳми махсуси созмони иҷтимоӣ дар пешбурди ҳуқуқи инсон” ташкилоти ҷамъиятии “Корвони Умед” ғолиб эълон шуд.

Бояд гуфт, ки “Идораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва риояи қонун” аз соли 2009 инҷониб ҷоизаҳои худро дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон эҳдо мекунад. Ҷоизаҳо ҳар сол ба донишмандон, фаъолони иҷтимоӣ ва сиёсӣ, рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон тақдим мегардад.

Маросими ҷоизасупорӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон бо ширкати сафирони Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ  ва рӯзноманигорон баргузор шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.