Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Намояндаи Чин дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳукумати Толибон* хост, ки дар мавриди кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ” анҷом диҳад.

Фу Кунг, намояндаи ин кишвар дирӯз, 10-уми декабр дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи вазъияти Афғонистон, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор шуд,  куштори шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард.

Фу Кунг, ҳамчунин, аз Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон хост, ки идораи марзҳои худро тақвият диҳанд.

Намояндаи Чин дар идома гуфт, кишвараш омода аст, бо кишварҳои минтақа барои истифодаи беҳтар аз созукор (механизм)-ҳои ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амният ва суботи минтақа ҳамкорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки Фаррух Ҳамрализода, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Го Ҷитсзюн, сафири Чин дар  Тоҷикистон мулоқот кардааст.

Ин мулоқот рӯзи 10-уми декабр баргузор шуда, ба иттилои ин ниҳод, "зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Чин ва дурнамои рушди ҳамкориҳо табодули афкор карданд".

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар пайи ду ҳамла ба ноҳияҳои наздимарзии кишвар, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз хоки Афғонистон сурат гирифтанд, 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.

ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.

Дар пайи ин,  Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ карда, масъалаи таҳқиқи муштараки ҳамлаҳо ва тақвияти амнияти марз бо Афғонистонро баррасӣ кардааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...