Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Масъулини барқи Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз боронҳои чанд рӯзи охир таъминоти барқ беҳтар шуда, аҳолӣ дар як рӯз 4-5 соат барқ мегиранд. Ба гуфтаи онҳо, резиши об ба обанбори НБО “Норак” зиёд шудааст. Аммо сокинон мегӯянд, ки ҳанӯз дар як рӯз танҳо аз 1 то 3 соат барқ доранд ва реҷаи муайян дар таъмини барқ вуҷуд надорад.

Як моҳи охир сокинони минтақаҳои кишвар аз шадид шудани маҳдудияти барқ шикоят мекунанд. Масъулини таъминоти барқ мушкилро ба паст шудани сатҳи об дар обанбори НБО “Норак” рабт медоданд. Сабаб камобӣ боришоти кам гуфта мешуд.

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо таъсири боронҳои чанд рӯзи охир резиши об ба обанбори “Норак” 30-40 метри кубӣ зиёд шуд.

“То ба имрӯз, 9-уми декабр аз оби захиравии обанбори НБО “Норак”, ки ҳамагӣ 53 метр об захира дорад, ҳудуди 7 метр (6 метру 96 см) аллакай об харҷ шудааст. Боронҳои чанд рӯзи гузашта гарчанде бешиддат ба назар мерасанд, аммо ба воридшавии об дар маҷрои дарёи Вахш таъсири мусбат дорад”,-гуфт номбурда.

Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази танзимгарии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо сабаби боришоти охир резиши об дар маҷрои дарёи Вахш зиёд ва таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ беҳтар шудааст.

“Бо далели 15-20% зиёд шудани воридшавии об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” хароҷот аз оби захиравӣ аз 23 сантиметре, ки дар шабонарӯз сарф мекардем ба 17 сантиметр кам шуд. Ҳоло 5-6 сантиметр аз оби захиравии обанбори “Норак” камтар истифода шуда истодааст. Ин раванд боиси он шуд, ки сокинонро то 4-5 соат бо нерӯи барқ таъмин кунем. Ҳамзамон дар бархе минтақаҳо вақти нисфирӯзӣ то 2-2,5 соат иловатан барқ дода мешавад”,-гуфт Тоиров.

Ба иддаои номбурда чанд рӯзи охир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ноҳияи Рӯдакӣ “сокинони баландошёнаҳо бо нерӯи  барқ пурра таъмин ҳастанд”.

Дар ҳамин ҳол, сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳанӯз дар як шабонарӯз танҳо аз 1 то 3 соат барқ доранд ва дар таъмини барқ тағйире нашудааст. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки дар пайи “лимит”-и барқ бо мушкилии зиёд, аз ҷумла сард будани манзилҳояшон рӯбарӯ ҳастанд. 

Ҳамзамон Дӯстмурод Тоиров мегӯяд, ки дар натиҷаи тасмими қатъи барқи аҳолӣ дар сурати аз 4 киловат (кВт) зиёд истифода кардан, сарфаи барқ зиёд шуда ба таъмини сокинон таъсир гузоштааст.

“Дар шаҳри Душанбе дар пайи ин иқдом шикоятҳо зиёд шуд ва дар ин шаҳр минбаъд қатъи барқ дар ҳолати масрафи зиёд бардошта шуд. Аммо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Рӯдакӣ ва Кӯлоб ин раванд идома дошта, боиси сарфакорона истифода кардани барқ аз ҷониби аҳолӣ гардид”,-гуфт ин масъули интиқоли барқ.

Бояд гуфт, ки дар пайи шадид шудани маҳдудияти барқ “Шабакаи тақсимоти барқ”, бо ирсоли як паёмаки телефонӣ ба аҳолӣ ҳушдор дод, ки “дар сурати истифодаи зиёда аз 4 киловат (кВт) барқ дар хона интиқоли барқ ҳудуди 30 дақиқа ба таври худкор (автоматӣ) қатъ мешавад”.

Ҳамчунин дар пайи норасоии барқ тадбирҳои муваққатии сарфаи барқ аз ҷумла, шомгоҳон қатъ намудани интиқоли барқ дар корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, манъи кори нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) аз соати 18:00 то 22:00 ва хомӯш кардани барқ ё чароғҳои кӯчагӣ, ки “аҳамияти стратегӣ надоранд” низ ҷорӣ гардид.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон мегӯянд, “лимит”-и барқ шадидтар шуда, дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешавад. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ мекунанд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба  камобӣ рабт медиҳанд.

Бештар ин ин бора, дар маводи “Аз соли гузашта бадтар”. Чаро имсол маҳдудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон шадидтар шуд? хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...