Далели нав барои ҷарима. Барои дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон акнун соҳибкорон ҳангоми зикр накардани номи шахси ҳуқуқӣ ва ё ному насаби соҳибкор, сана ва вақти додани расид, номгӯи мол, воҳиди ченак, миқдор, нарх ва маблағи ҳар як намуди мол, кор ва ё хидматрасонӣ дар расид (чек) то 7 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Бо ин мазмун вакилони парлумон рӯзи 3-юми декабр ба моддаи 614-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, онро дар таҳрири нав пешниҳод карданд.

Қаблан, ин модда танҳо барои таъмин накардани мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ (дастгоҳе, ки баъди харид расид медиҳад) бо расид то 7,5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ мекард.

Тибқи тағйироти дар лоиҳа пешбинишуда, дар расиди дастгоҳи расиддиҳанда “номи шахси ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами силсилавии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ, рақами тартибии чеки назоратӣ-хазинавӣ, сана ва вақти додани чек, номгўи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор, нарх, маблағ вобаста ба ҳар як намуди мол (кор, хизматрасонӣ), маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти меъёри фарқкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ ва маблағи умумии харид” бояд зикр шавад.

Дар баръакси ҳол, ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ мегардад, ки аз рӯйи меъёри муқарраргардидаи соли 2025 ба 7 ҳазору 500 сомонӣ ва аз соли 2026 бо назардошти болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 7 ҳазору 800 сомонӣ баробар хоҳад буд.

 

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳангоми пешниҳоди лоиҳа гуфтааст, ҳаҷми ҷарима дар моддаҳои дахлдори боби 33-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҳуқуқвайронкуниҳоро дар соҳаи қонунгузории андоз дарбар мегирад, зиёд карда мешавад. Аммо ба истиснои тағйироти боло, зикр накардааст, ки боз барои кадом қонуншиканиҳо ҷарима ҷорӣ ва ё ҳаҷми ҷаримаҳои он зиёд мешавад.

Ӯ дар натиҷаи хулосаи таҳлилҳои солҳои 2022-2025 гуфтааст, шумораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои риоя накардани қонунгузории андоз тамоюли зиёдшавӣ дорад.

“Агар дар соли 2022 зиёда аз 17 ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондод дар соли 2024 ба бештар аз 20 ҳазор ва дар даҳ моҳи соли 2025 бошад, аллакай ба зиёда аз 23 ҳазор баробар гардидааст”, – зикр кардааст раиси Кумитаи андоз.

Ӯ далели зиёд шудани чунин қонуншиканиҳоро “кам будани ҷаримаи маъмурӣ” унвон дода, инро боиси такроран содир кардани қонунвайронкуниҳои андозӣ гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар даҳ моҳи соли 2025, беш аз 4 ҳазору 600 қонуншинканӣ аз ҷониби андозсупорандагон такроран содир шудааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, моддаи 614,  қисмҳои 1 ва 3-и моддаи 615, қисми 1-и моддаи 616 дар таҳрири нав пешниҳод шуда, ба моддаи 616 қисмҳои 2 ва 3 илова карда шуд. Аммо тафсилоти ин тағйирот гуфта намешавад.

Бояд гуфт, аз соли 2023 дар Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумати кишвар дар бораи “Тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо” қарор қабул гардид.

Тибқи моддаи 606 (иловаи 1)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои риоя нагардидани тартиби рамзгузории электронии молҳо “аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо вобаста ба рамзгузории электронии молҳо” нисбати шахсони ҳуқуқӣ 11,2 ҳазор сомонӣ (ҳадди ниҳоӣ) ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...