СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт

Asia-Plus

Созмони милали муттаҳид (СММ) ду қатъномаи Тоҷикистонро, ки яке дар бораи соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон кардани соли 2027 ва дигаре дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва яхкура буд, қабул кардааст.

Лоиҳаи қатъномаи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027”, ки аз сӯйи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми декабр дар доираи Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ бо иттифоқи оро қабул шудааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, бар асоси санади мазкур, соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эълон мегардад.

“Қатънома нақши муҳим ва зарурии маърифати ҳуқуқиро дар пешбурди ҳуқуқи инсон, иштироки фаъоли ҷомеа ва дастрасӣ ба адолат таъкид менамояд”, – навиштааст ВКХ.

Бояд гуфт, пешниҳоди эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ироа гардида буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз “нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” нигаронӣ карда, “ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низоъу ихтилоф” таъкид намуда буд.

Ӯ бо зикри ин нукта, пешниҳод намуд, ки “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.

 

“Ҳифзи пиряхҳо ва яхкура”

Ҳамчунин, рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Найробии кишвари Кения дар ҳафтумин иҷлосияи Маҷмаи муҳити зисти Созмони милали муттаҳид қатънома дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо ва яхкура (криосфера)” қабул шудааст.

Ин қатънома аз ҷониби Тоҷикистону Перу пешниҳод ва бо иттифоқи оро қабул гардида, аз ҳамаи давлатҳои узви СММ ва шарикони рушд даъват шудааст, то барои ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағҳои молиявӣ талошҳои худро тақвият бахшанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо нашри ин хабар навиштааст, ки "қатънома натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, расман истиқбол намуд".

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз пеш “Фарҳанги суманакпазӣ” ба мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) ворид гардид. Пештар аз ин, аз ҷониби ин Созмон бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” ва бо пешниҳоди Тоҷикистон “1050-солагии Робиаи балхӣ” ба феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ворид гардида буд.

Қаблан, дар моҳи июл, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) лоиҳаи қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ (ҳуши маснуӣ) дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”-ро, ки аз сӯи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...