Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон супориш дод, ки ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ (стипендияҳо) дар моҳи сентябри соли 2026 аз 15 то 25% боло бурда шавад.

Раисҷмуҳур имрӯз, 16-уми декабр дар ҳузури вакилони порлумон чунин гуфт:

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла кормандони мактабҳо ва муассиаҳои томактабӣ 25% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши дигар кормандони соҳаи маорфи, соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм, фарҳанг, идоракунии давдатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳои донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендияҳо 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 20% зиёд карда шавад;

– аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, давлатӣ ва заминавӣ на кам аз 15% индектатсия карда шавад.

Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши ҳадди ақал ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад. Феълан ҳаҷми маоши ҳадди ақал 1000 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ҳам маоши омӯзгорон 30%, дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ва идрорплуиҳо 20% афзуда буд.

Ҳамчунин, пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзоиш зиёд шуда буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот низ дар бозорҳо ба таври автоматӣ баланд мешавад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...