Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Кумитаи иҷроияи Созмони ҷаҳонии бокс (World Boxing) рӯйхати федератсияҳои миллии муштзаниеро, ки мақоми "endorsed member" – аъзои пешакӣ маъқулшудаи ин созмонро гирифтаанд, тасдиқ кард. 

Ба ин рӯйхат Федератсияи бокси Тоҷикистон низ шомил шуд, ки ба гуфтам коршиносони соҳаи варзиш, қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии комили кишвар ба сохтори "World Boxing" маҳсуб меёбад. Дар ин бора аз ҳуҷҷати махсуси ин созмон зикр мешавад.

Айни замон Созмони ҷаҳонии бокс 124 федератсияи миллиро муттаҳид месозад, ки аз ҷониби Конгресс маъқул дониста шудааст. Аз ин миқдор 123 федератсия мақоми узви комилҳуқуқ ва ҳаққи овоз дар Конгреси соли 2026-ро доранд.    

Ягона узви вобаста "GB Boxing" боқӣ мемонад, ки Британияи Кабирро дар  мусобиқаҳо оид ба навъҳои гуногуни варзишӣ намояндагӣ мекунад.

Тоҷикистон ҳоло дар зинаи минбаъда, яъне дар қатори федератсияҳое қарор дорад, ки аризаҳои онҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроия ҷонибдорӣ шуда, лекин бояд ҳоло аз расмиёти тасдиқ гузаранд.

Мувофиқи оинномаи ин созмон, кишварҳои дорои мақоми "endorsed member" дар овоздиҳӣ дар Конгресси наздиктарин иштирок намекунанд. Узвияти ниҳоии онҳо ба созмон танҳо пас аз тасдиқи Конгресс дар соли 2026 имконпазир аст. Дар сурати қабули қарори мусбат, Федератсияи бокси Тоҷикистон ба мақоми узви комилҳуқуқ ва ҳаққи овоз аллакай дар Конгресси соли 2027 ва солҳои минбаъда соҳиб мешавад.

Худи далели ба рӯйхати федератсия маъқулдонисташуда шомил гардидан маънои онро дорад, ки кишвар ба талаботи калидии "World Boxing" ҷавобгӯ аст. Низоми шаффофи идоракунӣ, интихоби демократии раҳбарият, мавҷуд будани барномаҳои зиддидопингӣ, ки аз ҷониби WADA эътироф шудаанд, инчунин механизамҳои дақиқ роҳандозишудаи ҳаллу фасли баҳс ва арзу шикоятҳо, аз ҷумлаи ин талабот шуморида мешаванд.

Созмони ҷаҳонии бокс ба сифати сохтори ҷойгузини идоракунии бокси ҷаҳонӣ таъсис ёфта, мавҷеи фарогирии ҷуғрофии он босуръат меафзояд.

Агар дар Конгресси якум дар моҳи ноябри соли 2023 ба сафи он ҳамагӣ 27 кишвар шомил буданд, пас дар моҳи январи соли 2025 шумори онҳо то 60 адад ва то охири ҳамин сол – то ба 124 кишвар зиёд шуд. Пас аз қабули усули “як кишвар – як овоз” созмон ба масоили баробарӣ ва шаффофияти раванди қабули қарор таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳамчунин, илова мекунем, ки узвияти эҳтимолии Тоҷикистон ба "World Boxing" бо мақоми узви комилҳуқуқ дурнамоҳои навро боз мекунад: иштирок дар ташкили рӯзномаи байналмилалӣ, ҳимоя аз манфиатҳои муштзанон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар бокси ҷаҳонӣ миёни дӯстдорон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...